Аз нишастҳои матбуотӣ

Норасоии муассисаҳои томактабӣ эҳсос мегардад

№21 (4761) 14.02.2024

3- Дар шаҳри Норак ҳоло 20 корхонаи саноатӣ фаъолият дорад. Дар соли 2023 корхонаҳои мазкур 1 миллиарду 884 миллиону 785 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, — изҳор дошт иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Норак Фирӯза Шарифӣ 8 феврал зимни нишас­ти матбуотӣ.

 Гуфта шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ бе назардошти неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» 114,9 фоиз ё 127,0 миллион сомониро ташкил медиҳад. Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ 100,0 фоиз ё 75,4 миллион сомонӣ таъмин карда шудааст. Шабакаҳои барқ ва тақсимоти барқи шаҳр дар ин давра ба аҳолӣ ва корхонаю муассисаҳо ба маблағи 23,6 миллион сомонӣ неруи барқ фурӯхта, 22,1 миллион сомонӣ ҳаққи истифодаи неруи барқро ҷамъоварӣ намудааст.

Яке аз мушкилоти чашмраси шаҳри Норак соҳаи маориф аст. Муассисаи таълимӣ дар нақшаи харитасозии деҳаҳои навбунёд ҷой надорад. Деҳаи навбунёди Кибили деҳоти «Пули сангин», ки беш аз 450 хоҷагиро дар бар мегирад, то ҳол мактаб ва ягон иншооти хизматрасонӣ надорад. Ҳатто деҳа дар асоси ҳуҷҷатҳои расмӣ номгузорӣ нашудааст. Беш аз 300 нафар хонандагони ин деҳа дар МТМУ № 28-и шаҳри Норак ва наздик ба 200 нафари дигар дар МТМУ № 7, воқеъ дар маркази деҳот, таҳсил менамоянд, ки барои рафтуомади хонандагон мушкилиҳои зиёд дорад.

 Ҳамчунин, норасоии муассисаҳои томактабӣ баръало эҳсос мегардад. Тибқи маълумоти оморӣ, айни замон дар шаҳр 301 кӯдак дар навбати гирифтани роҳхат ба кӯдакистонҳо қарор доранд.

Зимни нишасти матбуотӣ хабарнигори рӯзномаи «Садои мардум» дар хусуси хушкшавии ҳазорҳо бех ниҳолҳои мевадиҳандаи ҳамешасабзи сояафкан, ки ҳар сол дар талу теппаҳо шинонда мешавад ва дар фасли гармо тез-тез сӯхтор ба амал омада, нест мешаванду аз тарафи кормандони Хадамоти оташнишонии шаҳри Норак сари вақт пешгирӣ намешавад, савол дод. Мутаассифона, роҳбарони корхонаю идораҳои масъул ба ҷои ҷавоб гуфтан хомӯширо авлотар донистанд.

Муҳаммад ЗОКИР,

«Садои мардум»