Аз нишастҳои матбуотӣ

Носирҷон Салимӣ: «Муносибат бо мактабҳои олии Ӯзбекистон ба марҳилаи сифатан нав ворид гардид»

№89 (3883) 21.07.2018

Дон омузгори (2)- Дар шаш моҳи соли равон бо Донишгоҳи байналмилалии тадқиқотии Ҷетсзяни Ҷумҳурии Халқии Хитой ва мактабҳои олии шаҳрҳои Бухоро, Андиҷон, Деҳнав ва Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонидем, — иброз дошт зимни нишасти матбуотӣ 17 июли соли равон ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон Носирҷон Салимӣ.

Номбурда ба вуҷуд омадани шароити мусоидро натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев арзёбӣ кард. Ӯ, ҳамчунин афзуд, ки муносибатҳои илмиву фарҳангӣ ихтилофро аз байн мебардоранд ва боиси пурсамар шудани дарахти дӯстӣ мегарданд.

Зикр гардид, ки дар шуъбаи рӯзонаи донишгоҳ аз рӯйи 54 ихтисоси омӯзгорӣ ва 14 ихтисоси ғайриомӯзгорӣ бакалавр омода карда мешавад. Дар шуъбаи ғоибона бошад, толибилмон аз рӯйи 27 ихтисос таълим мегиранд.

Барои таҳкими заминаи моддӣ-техникӣ дар нимсолаи аввал 230 компютер, 50 тахтаи электронӣ, 50 проектор харидорӣ шуд.

Кормандони шуъбаи мониторинги сифати таҳсилот ва назорати электронӣ тавассути 223 камераи дар аудиторияҳо насбшуда дарсҳоро сабт карда, баррасии онҳоро дар сатҳи факултет ва кафедраҳои умумидонишгоҳӣ ташкил намуданд.

Соли 2018 ба китобхонаи донишгоҳ 1744 адабиёти бадеӣ, илмӣ ва тахассусӣ ворид шуд. Айни замон таъдоди умумии китобҳои электронӣ дар китобхонаи донишгоҳ 307003 нусхаро ташкил медиҳад. Дар баробари ин ­Носирҷон Салимӣ аз раванди истифодаи адабиёти китобхонаи электронӣ аз ҷониби устодону дониш­омӯзон изҳори нигаронӣ кард.

ҳамакнун дар шуъбаи рӯзонаи донишгоҳ 1646 нафар ва дар шуъбаи ғоибона 200 шаҳрванди хориҷӣ аз мамолики Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Туркия ва Афғонистон таҳсил менамоянд.

ВОРИС, «Садои мардум»