Аз нишастҳои матбуотӣ

Оби кӯли Сарезро нафурӯхтаанд

№93 (3887) 02.08.2018

DSC_0122Дар шаш моҳи аввали соли равон наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон 295 амалиёти фаврӣ анҷом ва 70 нафарро наҷот доданд. Дар натиҷаи корҳои ҷустуҷуйӣ ва наҷотдиҳӣ 62 ҷасадро пайдо намуда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супориданд. Дар ин давра дар ҷумҳурӣ 145 ҳолати фавқулода ба қайд гирифта шудааст, ки дар 18 ҳолат ба хоҷагии халқ зарари моддӣ ва маънавӣ расидааст. Ин нуктаро муовини раиси кумитаи мазкур Муҳаммадҷон Салимзода зимни нишасти матбуотӣ, ки 27 июли соли равон баргузор гардид, зикр кард.

Ӯ, афзуд, ки дар натиҷаи офатҳои табиӣ 12 сокини кишвар — 5 нафар бар асари сангрезӣ, 2 нафар аз зарбаи раъду барқ, 1 нафар аз заҳролуд шудан бо гелиотроп ва 4 нафар бар асари сел ба ҳалокат расидаанд. Ҳамчунин, 1485 хонаи истиқоматӣ (28 хона пурра), 3836,99 га замини кишт, 12 пул ва 11,346 км роҳи мошингард зарар дидааст. Дар натиҷаи риоя накардани техникаи бехатарӣ ҳангоми оббозӣ дар дарёву кӯлҳо 69 нафар фавтиданд, ки синни 26 нафари онҳо то 16 буд.

Қайд гардид, ки ҷиҳати пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода дар миёни аҳолӣ 127 чорабинӣ, аз ҷумла 5 омӯзиши маҷмӯӣ оид ба мудофиаи гражданӣ, 2 омӯзиши фармондеҳӣ ва бахшида ба Рӯзи мудофиаи гражданӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 208 чорабинӣ гузаронида шудааст.

Муҳаммадҷон Салимзода дар посух ба саволи «Оё дуруст аст, ки оби кӯли Сарез ба як ширкати чинӣ вогузор шудааст?» гуфт, ки ин маълумот асос надорад. Минтақаи Сарез дар ихтиёри бевоситаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ қарор дорад ва созишномаву шартномаҳои вобаста ба он дар мувофиқа баста мешаванд. То имрӯз дар ин хусус ягон ҳуҷҷат пешниҳод нашудааст.

Рӯзибойи УМАР, «Садои мардум»