Аз нишастҳои матбуотӣ

Қонун дар таҳрири нав ҳуҷҷатгузориро 60 фоиз коҳиш медиҳад

№28 (4611) 22.02.2023

САРМОЯ3- Ҷиҳати то 60 фоиз коҳиш додани номгӯи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва дар доираи як санади меъёрии ҳуқуқӣ танзим намудани муносибатҳо, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав таҳия гардид, — зикр кард дар нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Саъдӣ Қодирзода, ки 14-уми феврали соли ҷорӣ баргузор шуд.

Раиси кумита иттилоъ дод, ки дар соли сипаришуда 25 форуму ҳамоишҳои соҳибкорию сармоягузорӣ баргузор гардида, беш аз 100 ҳуҷҷати ҳамкорӣ бо доираҳои сармоягузории кишварҳои хориҷӣ ба мувофиқа расид. Ҷиҳати расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат се созишномаи сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 240 миллион доллари амрикоӣ ба имзо расид, ки ба бунёди корхонаҳои истеҳсолию хизматрасонӣ ва ташкили 1200 ҷойи нави кор рабт доранд. Ҳоло 72 лоиҳаи давлатӣ ба маблағи умумии 40,0 млрд. сомонӣ амалӣ мегардад.

- Соли 2022 дар натиҷаи истифодаи самараноки моликияти давлатӣ ба буҷети давлат 34,5 миллион сомонӣ ворид шуда, ҷиҳати танзими масъалаҳои идораи моликияти давлатӣ 48 санади меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардид, — гуфт С. Қодирзода.

Н. НИЗОМӢ,

 «Садои мардум»