Аз нишастҳои матбуотӣ

Қонунвайронкунӣ дар истифодаи замин афзудааст

№90 (3884) 26.07.2018

DSC_9387- Замини аз гардиши кишоварзӣ берунмонда соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 9615 гектарро ташкил дод, ки аз он 8139 гектар обӣ мебошад. Ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 928 гектар кам аст. Тибқи нақшаи чорабиниҳо оид ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои корами обӣ 4255 гектар дар вилояти Хатлон, 3706 гектар дар вилояти Суғд, 862 гектар дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ то соли 2020 ба гардиши кишоварзӣ ворид карда мешаванд, — гуфт муовини якуми раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва гео­дезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизмамад Каримзода 20 июли соли равон зимни нишасти матбуотӣ.

Зикр гардид, ки дар шаш моҳи соли 2018 дар ҷумҳурӣ 8133 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор, нисбат ба 8133 ҳолат дас­тур, 6771 ҳолат протоколу қарорҳои ҷаримабандӣ қабул, ба маблағи 2633465 сомонӣ ҷарима таъин ва аз ин ҳисоб 2189051 сомонӣ ба суратҳисоби махсус ворид шуд. Барои додани баҳои ҳуқуқӣ 553 мавод ба прокуратура, 257 мавод барои бо таври маҷбурӣ ситонидани маблағи ҷаримаҳо ба суд ирсол ва 5855 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф гардид. Дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 1175 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин афзуда, 1818 адад бештар парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»