Аз нишастҳои матбуотӣ

Парки технологӣ фаъолияти хуб дорад

№94 (4200) 06.08.2020

IMG_3630-770x433- Азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон мебошад, — гуфт зимни нишасти матбуотӣ ректори он Абдухалил Ғафурзода.

Номбурда афзуд, ки дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ курси азнавтайёркунӣ, ду курси дуалӣ дар вилоятҳои Суғду Хатлон, 11 курси такмили ихтисос дар заминаи академия, инчунин, 2 курси сайёр, дар маҷмӯъ, 16 курс гузаронида шуд, ки дар онҳо 820 шунаванда таҳсил намуда, 671 нафар соҳиби «Гувоҳнома» ва 149 кас соҳиби «Шаҳодатнома» гардиданд.

Бино ба гуфти ӯ, айни замон дар академия 374 нафар фаъолият мекунанд, ки 152 нафарро занон ташкил медиҳанд. Шумораи донишҷӯён ва магистрантони академия 2589 нафар — 686 духтар (26,5 %) ва 1903 писар (73,5 %)-ро  ташкил медиҳад. Аз шумораи умумии донишҷӯёну магистрантони академия 510 нафар (19,7%) дар гурӯҳҳои ройгон ва 2079 нафар (80,3%) дар гурӯҳҳои пулакӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Дар зинаи бакалавриат 1230 нафар, магистратура — 407 ва дар зинаи таҳсилоти дуюми олии касбӣ 952 нафар таҳсил доранд.

Ҳамчунин, зикр шуд, ки академия дорои парки технологӣ мебошад, ки дар он чопхона, кошонаи ҳусн, сартарошхона, сехи дӯзандагӣ, сехи қаннодӣ, курсҳои забономӯзӣ, мағозаи китоб, ошхона ва меҳмонхона фаъолият доранд.

Ш. АБДУЛВОҲИДОВА,

«Садои мардум»