Аз нишастҳои матбуотӣ

Парвозҳои мунтазам барқарор мешаванд?

№92 (4198) 31.07.2020

АвиатсияИн саволи асосӣ буд, ки хабарнигорон дар нишасти матбуотии Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон (27 июли соли ҷорӣ) ба масъулин доданд.

Дар робита директори Агентӣ Икром Субҳонзода гуфт:

- Оид ба роҳандозии парвозҳои мунтазам ба самти Россия ва дигар кишварҳо айни ҳол ягон давлат санаи дақиқро гуфта наметавонад. Ин ба паҳншавии коронавирус вобаста аст. Аз ҷониби Россия ба Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон муроҷиатнома ворид гашт, ки омода аст, парвозҳои байналмилалиро миёни ду кишвар ба роҳ монад. Дар ҷавоби «Росавиатсия» мо низ омодагиро барои роҳандозии парвозҳо изҳор кардем.

Қайд гардид, ки бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути парвозҳои чартерӣ садҳо шаҳрванди кишвар ройгон ба Ватан оварда шуданд. Директори генералии ширкати «Тоҷик Эйр» Дилшод Исматуллозода иброз намуд, ки бо дастури Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 25 — уми март 28 нафар аз минтақаи нигоҳдории фурудгоҳи Внуково ва 19 май 217 шаҳрванди Тоҷикистон аз боздоштгоҳи муваққатии Сахарова ба кишвар интиқол дода шуданд. ­Маблағи парвози онҳоро Ҳукумати кишвар пардохт кард.

Умуман дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ширкати «Тоҷик Эйр» 80 парвози мунтазам ва 2 парвози фармоиширо дар хатсайри «Душанбе — Москва — Душанбе», парвози фармоишӣ дар хатсайри «Душанбе — Қазон — Душанбе», 11 парвози фармоишӣ дар хатсайри «Душанбе — Хуҷанд — Душанбе» бо ҳавопаймои Боинг 757 -200 ва як парвозро бо ҳавопаймои Ан — 28 дар хатсайри «Душанбе — Хоруғ — Душанбе» анҷом дод.

ҶДММ «Сомон Эйр» дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ тавассути хатсайрҳои мунтазами байналмилалӣ, чартерӣ ва маҳаллӣ 146,5 ҳазор мусофир ва 304 тонна борро интиқол дод.

Икром Субҳонзода аз он изҳори қаноатмандӣ кард, ки Тоҷикистон Маҷмӯи маълумоти аэронавигатсиониро надошт ва он аз даврони шӯравӣ то 1 июни соли ҷорӣ дар Маҷмӯи маълумоти аэронавигатсионии дигар давлат (AIP) нашр мешуд. Хушбахтона, Маҷмӯи маълумоти аэронавигатсионии миллии мустақили Тоҷикистон 18 июни соли ҷорӣ таҳия, нашр ва дар сомонаи КВД «Тоҷикаэронавигатсия» бо ду забон (русӣ ва англисӣ) ҷой дода шуд. 

Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»