Аз нишастҳои матбуотӣ

Р. Бахтдавлатов: «Дар мамлакат 600 кони омӯхташуда мавҷуд аст»

№89 (3883) 21.07.2018

_DSC0008- Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаш моҳи соли 2018 корҳои геологиро бо истифода аз маблағҳои Буҷети давлатӣ аз рӯйи 29 лоиҳа ба маблағи 4658340 сомонӣ дар объектҳои металлҳои сиёҳ, ранга, қиматбаҳо, нодир, сангҳои худҷило ва ороишӣ ба роҳ монд. Корҳои шартномавӣ аз рӯйи 75 лоиҳа ба маблағи 6972585 сомонӣ ва корҳои пудратӣ ба маблағи 320835 сомонӣ иҷро шуд, — изҳор дошт муовини якуми сардори ин ниҳод Раҳмонбек Бахтдавлатов.

Бино ба гуфти ӯ, дар ин давра ба Комиссияи давлатии захираҳои канданиҳои фоиданоки Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 ҳисобот барои баррасӣ ва гузаронидани экспертизаи давлатӣ пешниҳод шудааст.

Номбурда зикр кард, ки Фонди иттилооти геологӣ ба ширкатҳо ва соҳибкорони инфиродӣ тибқи тартиби муқарраргардида оид ба омӯзиши геологии конҳо 39 маълумот омода ва пешниҳод намуд. Ҳамчунин, бо 24 ширкат қарордод барои истифодабарии қаъри замин баста шуд, ки аз ин ҳисоб бонуси обунавӣ 366296974,53 сомонӣ ва бонуси кашфи тиҷоратӣ 83508,02 сомониро ташкил дод.

қайд гардид, ки дар кишвар 600 кон ва 800 зуҳуроти омӯхташуда мавҷуд аст.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»