Аз нишастҳои матбуотӣ

Раҷаббой АҲМАДЗОДА: «Аксари нишондиҳандаҳо зиёд ва суботи макроиқтисодӣ нигоҳ дошта шуд»

№98 (4838) 12.08.2024

14Дар нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд 26-уми июли соли равон раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилоят дар нимсолаи аввали соли 2024 иттилоъ дод, ки аксари нишондиҳандаҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд буда, суботи макроиқтисодӣ нигоҳ дошта шудааст.

- Нишондиҳандаи кӯтоҳмуҳлати рушди иқтисодиёт ба 16,2 миллиард сомонӣ ва суръати афзоиш ба 108,2 фоиз расида, ҳиссаи вилоят дар нишондиҳандаи кӯтоҳмуҳлати рушди иқтисоди ҷумҳурӣ ба 26,3 фоиз баробар шудааст,- афзуд раиси вилоят.

Тавре иттилоъ дода шуд, суръати афзоиш дар соҳаи саноат нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо назардошти индекси нархҳо 110,1 ва соҳаи кишоварзӣ 113,1 фоиз таъмин гардида, гардиши савдо ба 9 миллиарду 239,9 млн. сомонӣ ва суръати афзоиш ба 107,5 фоиз расидааст.

Таъмини маоши кормандони соҳаи буҷавию нафақа баъд аз 40 дарсад зиёд шудан, сабаби боз ҳам ба нокомӣ дучор шудани соҳаи кирмакпарварӣ дар мавсими имсола, риоя нашудани меъёрҳо ҳангоми сохт­мони биноҳои баландошёна дар шаҳри Хуҷанд, барқарор намудани мактабҳои садамавӣ, фаъолияти комиссияи давлатӣ роҷеъ ба муайянсозии марз бо Ҷумҳурии Қирғизистон ва кӯчонидани автовокзали куҳнаи шаҳр аз масъалаҳое буданд, ки дар нишас­ти матбуотӣ баррасӣ шуданд.

М. МАҚСУДОВ,

«Садои мардум»