Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода 16 феврали соли 2021 зимни нишасти матбуотӣ дар бораи натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят маълумот дода, аз ҷумла гуфт, ки бо вуҷуди паҳншавии бемории сироятии коронавирус, мардуми вилоят софдилона меҳнат карда, дар ҳама соҳа ба дастоварду муваффақиятҳо ноил шуданд. Аз ҷумла, нақшаи ҷамъоварии андоз 100,1 фоиз, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба соли 2019 бо дарназардошти индекси нархҳои истеҳсоли маҳсулоти соҳавӣ 117,4 фоизро ташкил дод. Ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар бахшҳои хоҷагӣ ба 10821,0 млн. сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба соли пешин 10,5 дарсад зиёд мебошад.
Оид ба муносибатҳои ҳамсоягӣ бо вилояти Боткани Ҷумҳурии Қирғизистон, хусусан дар минтақаи сарҳадии Исфара, сухан рафта, Раҷаббой Аҳмадзода гуфт, ки вилояти Суғд бо Ҷумҳурии Қирғизистон 600 км сарҳад дорад.
- Мекӯшем, ки ҳама баҳсу мунозира ва мушкилотро дар доираи қонунҳои амалкунандаи байналмилалӣ оид ба сарҳадот ҳаллу фасл кунем. Ягон ваҷаб заминро ба касе гузашт карданӣ нестем ва ягон ваҷаб замини бегона ҳам ба мо лозим нест. Комиссияи байнидавлатӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсия дар ин масъала фаъолиятро идома дода истодааст. Бо камоли масъулият мегӯям, ки деҳаи Ворухи Тоҷикистон анклав нест, — иброз дошт раиси вилоят.
Мирзоаъзам МАҚСУДОВ,
«Садои мардум»