Аз нишастҳои матбуотӣ

Раҷаббой Аҳмадзода: «Обод кардани ватан мақсади асосӣ бояд бошад»

№20 (3814) 15.02.2018

10-8Нахустнишас­ти матбуотии иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро, ки дар истироҳатгоҳи «Баҳорис­тон»-и шаҳри Гулистон барпо шуд, шиносоии журналистони ватанию хориҷӣ бо нақшаву ниятҳои кори номбурда маънидод кунем хато намешавад.

Оид ба нишондиҳандаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилояти Суғд дар соли 2017 ҳарф зада, Раҷаббой Аҳмадзода аз он изҳори нигаронӣ кард, ки ҳанӯз корхонаҳои саноатии вилоят фаъолиятро пурра ба роҳ намонданд ва аз 8 то 10 дарсади ашёи хоми дар вилоят истеҳсолшаванда коркарди ниҳоӣ мешаваду халос. Маълум гардид, ки соли сипаришуда 75 корхонаи саноатӣ (12 фоиз) аз кор бозмонда, 139 корхона (23,4 фоиз) сатҳи истеҳсоли маҳсулотро нисбат ба соли 2016 кам карданд.

Раиси вилоят гуфт, ки бо ин гуна вазъият муросо нахоҳад кард ва ҷиҳати ислоҳи он чораҳои муассир хоҳад андешид.

- Комиссияи махсуси ҳукуматӣ таъсис дода шудааст, ки корхонаҳои бозистодаро месанҷад, — афзуд ӯ. Кам нестанд корхонаҳое, ки соҳибмулкон хусусӣ карда, онро бо ҳар баҳона ба ҳоли худ гузоштаанд. Дар ин масъала гуфтугӯ бо соҳибмулкон ҷиддӣ хоҳад шуд.

Раҷаббой Аҳмадзода ба яке аз соҳаҳои асосӣ-маориф дахл карда, изҳор дошт, ки ҳар сол дар вилоят аз 18 то 20 ҳазор кӯдак ба синни мактабӣ мерасад, ки зарурати сохтмони ҳар чӣ бештари мактабҳоро ба миён овардааст. Феълан дар вилоят зиёда аз 60 мактаби садамавӣ мавҷуд аст, вале қудрати буҷаи маҳаллӣ ба сохтмону барқарор кардани онҳо намерасад.

-Бо дарназардошти вазъияти баамаломада ман дастур додам, ки соҳибкорони ватанию дар муҳоҷират қарордоштаро даъват кунанд, то ки онҳо дар бунёди мактабҳо саҳмгузорӣ намоянд, — гуфт ӯ ва идома бахшид:  — Дар вилоят ҳанӯз аз замони шӯравӣ ноҳияҳои Зафарободу Мастчоҳ ва Ашт ҳамчун ноҳияҳои осебпазир дар самти обёрии полезӣ ба шумор мерафтанд. Роҳбарони аввали вилоят чун ба ин ноҳияҳо меомаданд, нахуст аз вазъи фаъолияти пойгоҳҳои обкашӣ хабар гирифта, барои муътадил кор кардани онҳо чораву тадбирҳои мушаххас меандешиданд. Хусусан, баъди гузаронидани ислоҳот, ки хизматрасонии обрасонҳо пулакӣ шуд, бинобар сари вақт пардохт нашудани ҳаққи хизматрасонии миробҳо соҳаи обрасонӣ рӯ ба мушкилот овард. Бино ба маълумоти Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилоят, истеъмолкунандагони об аз хизматрасонии миробҳо 35 млн. сомонӣ қарздоранд. Яъне, барои пеш бурдани корҳои таъмиру тармим соҳа маблағи қазоӣ надорад. Бо дарназардошти ин, ҳар сол аз буҷети вилоят то 2,5 млн. сомонӣ маблағ ҷудо мешуд. Имсол низ қарор оид ба ҷудо намудани беш аз 2 млн. сомонӣ ба имзо расидааст.

- Ман беҳуда нишасти матбуотиро дар истироҳатгоҳи маъруфи «Баҳористон» баргузор накардам, — гуфт Раҷаббой Аҳмадзода, — ин рамзӣ ва арҷгузорӣ ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аст, ки бо иқдоми неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон шудааст.

Р. Аҳмадзода аҳли қаламро ба ҳамкорӣ даъват карда, изҳор дошт, ки МИҲД-и вилоят наметавонад аз муаммову мушкилоти ҷойдошта дар маҳалҳо сари вақт огоҳӣ пайдо кунад. Дар ин самт мақолаву гузоришҳои асосноки журналистон кумакрасон хоҳад буд.

- Мо ҳама як мақсад дорем: ободу сарсабз гардонидани Ватан, — изҳор дошт Раҷаббой Аҳмадзода.

 Мирзоаъзам Мақсудов,

«Садои мардум»