Аз нишастҳои матбуотӣ

Раҳмонзода Хуршед: «Барои ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ саҳм мегузорем»

№91 (4041) 27.07.2019

DSC_0074- Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» фаъолиятро барои беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ, бештар захира кардани маҳсулоти кишоварзӣ, пешгирии болоравии нарх дар бозори истеъмолӣ ва муҳайё кардани ҷойҳои кории иловагӣ ба роҳ мондааст, — гуфт 23 июл дар нишасти матбуотӣ муовини якуми раиси он Хуршед Раҳмонзода.

Қайд шуд, ки дар шаш моҳи соли равон даромад 46,7 миллион сомониро ташкил дод, ки назар ба соли 2018-ум 447,7 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Барои азнавсозию таъмири бинову иншоот 7,5 миллион сомонӣ сарф гардид. Бахшида ба 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифта шудааст, ки 10 бино ва дигар иншоот сохта шавад.

Инчунин зикр гардид, ки бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбасти даври сеюм ва ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Хӯришҳои миллӣ ва муосир», ки ба зиммаи Иттифоқи «Тоҷикматлубот» вогузор буд, баргузор ва ғолибон қадрдонӣ гаштанд.

Дар фарҷом таъкид гардид, ки роҳбарият ва кормандони «Тоҷикматлубот» минбаъд низ баҳри рушди соҳа, беҳбуд ёфтани хизматрасонӣ, ғанӣ шудани бозори истеъмолӣ саҳм мегузоранд.

 ВОРИС, «Садои мардум»