Аз нишастҳои матбуотӣ

РАШТ. Ободкорӣ идома дорад

№20 (3970) 19.02.2019

Муовини якуми раиси нощияи Рашт Набизода Раҳимҷон МуқимӣМуовини якуми раиси ноҳияи Рашт Набизода Раҳимҷон Муқимӣ зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки боғдорӣ яке аз соҳаҳои асосӣ ва сердаромад ба шумор меравад. Аз ин рӯ, солҳои охир бемайлон рушд ёфта истодааст. Аз ҷумла, соли гузашта 70 гектар боғи нав бунёд ва 149 гектар боғи куҳна барқарор карда шуд. Барои беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо бо дастгирии обистифодабарандагон 18 километр каналу заҳбур тоза карда, чор чоҳи амудӣ кофта, мавриди истифода қарор дода шуд. Дар натиҷа, ҳолати мелиоративии 290 гектар замин беҳтар гардид.

Номбурда афзуд, ки соли гузашта 5860 тонна ғалладона, 49655 тонна картошка, 10715 тонна сабзавот, 18018 тонна мева ва 662 тонна зироати техникӣ истеҳсол карда шуд, ки нисбат ба соли 2017 зиёд аст.

Бо ҷалби соҳибкорон ва шахсони саховатпеша роҳҳои байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ, ноҳиявӣ ва дохили шаҳраку деҳот ба дарозии 42 километр асфалтпӯш, 15 километр таъмири ҷорӣ, як километр таъмири асосӣ ва 33 километр сангфарш гардид.

Инчунин, яке аз рӯйдодҳои муҳим ва хотирмони соли 2018 дар сатҳи баланд доир гаштани фестивали минтақавии «Хайра мақдам ба водии Рашт» буд, ки дар он намояндагони бахшҳои сайёҳӣ ва меҳмонон аз тамоми гӯшаю канори кишвар ширкат варзиданд.

Диловари МИРЗО, «Садои мардум»