- Дар соли ҷашни 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Роғун боғи фарҳангию фароғатӣ, қасри фарҳанг, ду майдончаи варзишӣ дар назди биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, майдони варзишӣ дар деҳоти «Қади Об», роҳи марказии шаҳр, биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ ва маъмурӣ таъмиру азнавсозӣ шуданд, — гуфт зимни нишасти матбуотӣ раиси шаҳри Роғун Билол Иброҳим, ки 24 июли соли равон баргузор шуд.
- Айни замон корҳои сохтмонӣ дар шаҳр идома доранд, ки бинои муассисаи таълимӣ барои 520 ҷойи нишаст дар деҳаи Қандак ва ду майдончаи варзишӣ аз ҷумлаи онҳост. Иншооти мазкур дар арафаи ҷашни 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода мешаванд, — афзуд раиси шаҳр.
- Дар шаш моҳи аввали соли 2017 қисми даромади буҷети шаҳр ба маблағи 12 миллиону 897,2 ҳазор сомонӣ иҷро гардид, ки ба 81 фоизи нақша баробар мебошад. Қисми хароҷоти буҷет 13 миллиону 537,6 ҳазор сомониро ташкил дод, ки 76,5 фоизи нақша аст. Сабаби асосии иҷро нагардидани қисми хароҷоти буҷети шаҳр маҳдуд намудани хароҷоти бесамар ва дуюмдараҷа мебошад, — изҳор дошт Билол Иброҳим.
Раиси шаҳр аз иҷро нашудани нақшаи ҷамъоварии андоз ва андози иҷтимоӣ изҳори нигаронӣ кард. Тавре ӯ шарҳ дод, тибқи нақшаи тасдиқшуда аз ҳама намуди андозу даромад ба ҷойи 98,1 миллион сомонӣ 70,8 миллион сомонӣ ҷамъоварӣ шудааст, ки 72,2 фоизи нақшаро ташкил медиҳад ва ин нишондод нисбат ба нақшаи пешбинишуда 27,3 миллион сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2016-ум 38 миллиону 529.3 ҳазор сомонӣ кам мебошад. Нақшаи андози иҷтимоӣ ба ҷойи 32,9 миллион сомонӣ 27,1 миллион сомонӣ ё 82,4 фоиз иҷро гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 миллиону 472,3 ҳазор сомонӣ кам мебошад.
Соли ҷорӣ хоҷагиҳои кишоварзии шаҳр дар майдони 2215 гектар, аз ҷумла дар 1860 га гандум, 100 га картошка, 100 га лӯбиёгӣ ва беш аз 200 га сабзавот, ҷав, зироатҳои техникӣ ва хӯроки чорво кишт карда буданд, ки ҳоло ҷамъоварии ҳосили онҳо идома дорад.
Муҳаммад ЗОКИР,
«Садои мардум»