Аз нишастҳои матбуотӣ

Роғун. Вазъи ғайрисанитарии бозор ва таъхир дар пардохти маблағи сафари хидматии омӯзгорон

№94 (4200) 06.08.2020

DSC00202Дар нишасти матбуотии МИМҲД  шаҳри Роғун, ки 25 июли соли 2020 доир гардид, хабарнигори рӯзнома аз масъулин сабабҳои вазъи ғайрисанитарии бозори марказии шаҳр ва кашолкорӣ дар пардохти маблағҳои сафари хидматии 350 омӯзгори муассисаҳои таълимиро, ки се сол боз бо баҳонаҳои гуногун мавқуф гузошта мешаванд, пурсон шуд.

Раиси шаҳри Роғун Музаффар Сулаймонзода дар ҳолати ғайрисанитарӣ қарор доштани бозори марказии шаҳр ва фаъолияти номуназ­зами онро тасдиқ намуда, гуфт, ки ба талабот ҷавобгӯ нест. Бозор ҳафтае як маротиба, танҳо рӯзи шанбе, фаъолият менамояд ва дар он ҷо ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар анвои озуқа ба роҳ монда шудааст.

Мутаассифона, аз бемасъулиятии мутасаддиён маҳсулот дар бозор рӯи замин гузошта мешавад, ки метавонад ба саломатии одамон хатар эҷод намояд. Кормандони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ (роҳбараш Суннатулло Қурбонализода) ва бахши Кумитаи амнияти озуқаворӣ дар шаҳри Роғун (сардораш Зиёратшоҳ Тоиров)  ба сифати маҳсулоти кишоварзӣ ва гӯштиву ширии ба мардум пешкашгардида диққати ҷиддӣ намедиҳанд. Дар даромадгоҳи бозор чанд духтур ҷиҳати иҷрои талаботи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус COVID-19 навбатдориро ба роҳ мондаанд, вале ҳароратсанҷии рақамиашон корношоям аст. Маҳлули антисептикӣ ва гузаргоҳи бехатарӣ вуҷуд надорад. Харидорон бидуни ниқоб, вориди бозор мешаванд. Ҳатто нозирони ШВКД-и шаҳри Роғун, ки дар дохили бозор тартиботи ҷамъиятиро назорат мебаранд, парвои иҷро нагардидани талаботи Ситоди ҷумҳуриявӣ ва шаҳриро надоранд.

Ба гуфти раиси шаҳр, лоиҳаи навсозии бозор омода ва бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мувофиқа шудааст. Тибқи нақша, он бояд соли 2020 пурра навсозӣ мешуд. Бо сабаби интиқол нагардидани маблағ,аз ҷониби соҳибкороне, ки берун аз ҷумҳурӣ фаъолият доранд, сохтмони бозор ба таъхир афтод ва акнун маълум нест, ки кай шурӯъ мешавад.

Дар се соли охир 350 омӯзгори муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Роғун, ки ба курсҳои такмили ихтисоси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон равон карда шудаанд, маблағи сафари хидматиашонро нагирифтаанд. Сардори Раёсати молияи шаҳр Идрис Эшонов иброз дошт, ки соли 2020, ба омӯзгороне, ки бо сафари хидматӣ ба курсҳои омӯзишӣ сафарбар гардидаанд, бояд 225 ҳазор сомонӣ пардохт мешуд, аммо то ҳол 35 ҳазор сомонӣ пардохт гардидааст. Ӯ шарҳи аз ин бештарро раво надид. Мудири шуъбаи маорифи шаҳр Сангалӣ Шоев низ ба даҳон муҳри хомӯшӣ зад.

Масъулини шаҳр, ҳамчунин, ба суолҳои журналистон дар бораи дар шаҳр вуҷуд надоштани майдони варзишӣ, фаъолияти ғайриқаноатбахши китобхонаҳо, омодагии муассисаҳои таълимӣ ба соли нави хониш, сабабҳои бекоршавии ақди никоҳи оилаҳои ҷавон, ҷинояткорӣ дар миёни ҷавонону ноболиғон ва пешгирии онҳо посухи қаноатбахш дода натавонистанд.

Муҳаммад ЗОКИР,

«Садои мардум»