Дар нишасти матбуотие, ки 18 июли соли равон дар БДА ҶТ «Амонатбонк» баргузор гардид, журналистон бо мисолҳо аз амалҳои ношоистаи баъзе кормандони бонк, ки асосан ба дастрас намудани нафақа рабт дорад, шикоят карданд. Раиси Раёсати бонк Руҳулло Ҳакимзода филфавр масъулинро ба рафъи чунин камбудиҳо муваззаф намуда, бо итминон иброз дошт, ки барои нафарони бевиҷдон дар БДА ҶТ «Амонатбонк» ҷой нест.
-Тӯли фаъолияти корӣ зиёда аз 300 нафарро, бинобар роҳ додан ба камбудиҳо, аз кор рондам. Аз шаҳрвандон хоҳиш менамоям, ки дар сурати мушоҳида намудани чунин ҳолат ва ё мувоҷеҳ шудан ба чунин қонуншиканиҳо ба роҳбарияти бонк муроҷиат намоянд. Бо дарки масъулият ваъда медиҳам, ки нисбат ба нафарони бемасъулият чораҳои бетаъхир андешида мешавад, — афзуд Р. Ҳакимзода.
Айни замон 3 ҳазор корманди «Амонатбонк» дар 551 маркази хизматрасонии бонкӣ ва 75 филиал ба мизоҷон хизмат мерасонанд. Дороиҳои бонк 3,1 миллиард сомониро ташкил медиҳад ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2016-ум 14 фоиз афзудааст. Муҳимтар аз ҳама, пардохтпазирии бонк дар сатҳи баланд – 108 фоиз нигоҳ дошта шуда, маблағҳо сари вақт ба ҳисобҳои дахлдор гузаронида шуданд.
Дар шаш моҳи соли ҷорӣ сармояи умумии бонк 334,3 миллион сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 38 фоиз зиёд мебошад. Бо вуҷуди таъсири манфии омилҳои берунӣ, идома ёфтани буҳрони ҷаҳонии молиявӣ даромади бонк дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта бамаротиб зиёд шуда, ба 15 миллион сомонӣ расидааст. «Амонтабонк» дар 255 нуқтаи савдо терминал насб намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2016-ум 142 адад зиёд мебошад. Шумораи дорандагони кортҳои пардохтӣ, ки низ рӯ ба афзоиш аст, ба 1,3 миллион нафар расид ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2016-ум 237,3 ҳазор нафар зиёд аст. Вобаста ба зиёд шудани шумораи дорандагони кортҳои пардохтии бонкӣ, хусусан кортҳои нафақавӣ, теъдоди банкоматҳо ба 222 адад ва постерминалҳо ба 1030 адад расонида шуд.
Ҳамчун бонки давлатӣ «Амонатбонк» хизматрасониҳоеро анҷом медиҳад, ки хоси дигар бонкҳо нест. Манзур қабули маблағи хизматрасониҳои коммуналӣ аст, ки 628,7 миллион сомониро ташкил додааст ва дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2016-ум 229,6 миллион сомонӣ ё 58 фоиз зиёд мебошад.
Руҳулло Ҳакимзода аз он изҳори қаноатмандӣ намуд, ки амонатҳои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ мунтазам афзуда истодааст ва айни замон ба 23 миллиард сомонӣ расидааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 292 миллион сомонӣ ва ё 14 фоиз зиёд аст. Шумораи умумии пасандозгузорон 1,4 миллион нафарро ташкил медиҳад.
Далер Мерганов,
«Садои мардум»