Қосим Роҳбар — раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ, ки 10 январи соли ҷорӣ баргузор гардид, изҳор дошт, ки фаъолияти кумита баҳри таъмини иҷрои супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равона гардидааст ва Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун барномаи фаъолият истифода мешавад.
«Муҳайё намудани шароити ҳар чӣ беҳтари зиндагӣ барои сокинони кишвар ҳадафи олитарини фаъолияти Президент ва Ҳукумат мебошад», -омадааст дар Паёми Сарвари давлат (моҳи январи соли 2016) ва амалигардонии барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии минтақаҳо барои расидан ба ин ҳадаф нақши муҳим дорад, — таъкид намуд Қосим Роҳбар ва афзуд:
- Бинобар ин, дар ҷаласаи ҳайати мушовараи кумита бо иштироки муовинони раисони вилоятҳо, намояндагони вазорату идораҳо натиҷаҳои мониторинг ва арзёбии барномаҳои рушди иҷтимоӣ – иқтисодии вилоятҳои Суғду Хатлон баррасӣ гардида, норасоӣ дар таҳияи барномаҳо, мушаххас намудани нишондиҳандаҳо, гузаронидани мониторинг ва арзёбӣ, ҳамоҳангсозии масъалаҳои рушди иҷтимоӣ –иқтисодии маҳал муайян карда шуд, ки барои минбаъд бартараф намудани онҳо ва фароҳам овардани шароит барои рушди маҳал ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум мусоидат менамояд.
Дар ҳамкорӣ бо Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон кормандони мо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи худидоракунии шаҳрак ва деҳот» пешниҳодҳо омода карданд, ки дар натиҷаи қабул шудани онҳо барои баланд бардоштани иқтидори молиявии ҷамоатҳо имконияти ҳуқуқӣ фароҳам меояд. Ҷиҳати баланд бардоштани механизмҳои идоракунии маҳаллӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ дар мавзӯи «Такмили фаъолияти мақомоти идоракунии маҳаллӣ, тақвияти масъулияти он дар назди ҷомеа» семинар – машварат гузаронида, натиҷаҳои онро дар ҷаласаи ҳайати мушовара мавриди баррасӣ қарор додем. Ҳамчунин, дар ин давра бо истифодаи ваколати низомномавии кумита мониторинги истифодаи маблағҳои кумаки берунаи созмонҳои байналмилалӣ ва грантҳои кишварҳои хориҷӣ дар ҷараёни амалигардонии лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишӣ дар шаҳри Турсунзода» анҷом дода шуд. Аз натиҷаи онҳо тавсияҳо барои хизматрасонии босифат ба аҳолӣ, таъмини устувории молиявии шуъбаи манзилӣ – коммуналии шаҳр, ба имзо расидани шартномаҳо байни ҷамоатҳо ва шуъбаи манзилӣ-коммуналии шаҳр, баланд бардоштани сатҳи дониши экологӣ, ҳамчунин баргардонидани қарзҳои лоиҳа таҳия шуданд.
Қосим Роҳбар, ҳамчунин таклифҳоро доир ба такмили идоракунии маҳаллӣ, мониторинг ва арзёбии иҷрои стратегия ва барномаҳои рушди маҳаллӣ ва минтақавӣ, арзёбии раванди рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо, шаҳрак ва деҳот, ки давоми сол пешниҳод шудаанд, аз қисматҳои муҳими фаъолият маънидод намуд. Мавсуф гуфт, ки фаъолияти кумита дар соли 2017 низ гуногунҷанба хоҳад буд, зеро саҳмгузорӣ дар рушди маҳал иқдоми муҳим дар рушди кишвар аст.
Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум»