Аз нишастҳои матбуотӣ

Сабаб чист, ки қоидавайронкуниҳои молиявӣ афзуданд?

№87-88 (4507-4508) 19.07.2022

Karahon-CHillazoda- Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини иҷрои саривақтии сифатноки даромад ва хароҷоти буҷети давлатӣ дар вазорату идораҳо, марказ ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бонкҳо, субъектҳои хоҷагидорӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ дар нимсолаи якуми соли равон 89 чорабинии аудиторӣ гузаронида, қоидавайронкуниҳои молиявиро ба маблағи 158,8 млн. сомонӣ муайян намуд. Теъдоди чорабиниҳои аудиторӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 53 адад кам ва қоидавайронкуниҳои молиявии ошкоргардида ба маблағи 75,6 млн. сомонӣ зиёд мебошад, — бо зикри ин маълумот нишас­ти матбуотиро оғоз бахшид раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Чиллазода Қарахон, ки 14 июли соли 2022 доир шуд.

Номбурда, ҳамчунин, афзуд, ки тайи давраи зикршуда яке аз ноҳияҳои пурсарусадо дар хусуси қоидавайронкуниҳои молиявӣ ва тафтишоти аудиторӣ ноҳияи Нуробод буда, аз ҷониби кормандони Палатаи ҳисоб 21 тафтишоти аудиторӣ дар ташкилоту муассисаҳои буҷетии он гузаронида шуда, ба маблағи 1 млн. 160 ҳазор сомонӣ қоидавайронкуниҳои молиявӣ ошкор ва барқарор шуд.

Зикр шуд, ки аз маблағи умумии ошкоргардида хароҷоти ғайриқонунии пулию молӣ 13,9 млн. сомонӣ, камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ — 1,2, изофанависӣ дар таъмиру сохтмон — 9,1, талафи воситаҳои пулию молӣ — 65,3, маблағҳои кам ҳисобгардида ва рӯйпӯш намудани андозҳо 52,1, пардохти ҳатмӣ ва дигар пардохтҳо ба буҷети давлатӣ 15,0, пардохт накардани суди саҳмияҳои ба давлат тааллуқдошта 1,6 млн. сомонӣ ва зарар аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ 456,6 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Оид ба бартараф намудани камбудиву норасоиҳои ошкоргардида чораҳои мушаххас андешида, зарари молиявӣ ба маблағи 157, 6 млн. сомонӣ, аз ҷумла ба буҷет — 66,5, ба корхонаҳо — 85,1 ва тавассути мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 6,0 млн. сомонӣ барқарор шуд.

Ҳ. ТОҲИРӢ,

«Садои мардум»