Аз нишастҳои матбуотӣ

Сафи тамошобини намоишҳои театрӣ 8 фоиз афзудааст

№11(3648) 02.02.2017

Фарханг (2)Соли гузашта оркестри симфонии Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, оркестри созҳои миллии Филармонияи давлатӣ, ансамбли овозадори «Зебо», оркестри эстрадии «Гулшан», ансамбли давлатии «Лола» аз нав эҳё ва бо барномаҳои рангин муаррифӣ шуданд, — иброз дошт зимни нишасти матбуотӣ вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода, ки 20 январ баргузор гардид.

Вазири  фарҳанг, инчунин бобати фаъолияти муассисаҳои иҷтимоию фарҳангӣ, ёдгориҳои таърихӣ, шаҳру шаҳракҳои қадима, қалъа, мақбара ва масоҷиди таърихӣ маълумот дод. Сипас, ба пурсиши он, ки то чӣ андоза асарҳои бастакорони ҷавон дар чорабиниҳои ҷашнии кишвар истифода мешаванд, ӯ чунин гуфт:  Мо ҳамеша ба неруи ҷавонон такя мекунем ва онҳоеро, ки дорои истеъдоди хосаанд, қадрдонӣ менамоем. Пеш аз баргузории ҷашнҳо дар миёни ҳунарпешагон озмун эълон мекунем ва албатта, асарҳои беҳтарини ҷавонон ҳам аз озмун мегузаранд. Дар пеш Ҷашни байналмилалии Наврӯз аст. Дар он талош бар он аст, ки аз миёни санъат­корони ҷавон чеҳраҳои навро муаррифӣ кунем ва равзанаеро ба дунёи бузурги ҳунар бикшоем. Ба саволи он, ки 44 нуқтаи фурӯши китоб дар шаҳру навоҳии кишвар кам нест? Ш. Орумбекзода посух дод, ки модели китобфурӯшии кишварҳои хориҷиро омӯхта истодаем. Ба хулоса расидем, ки дар назди 1300 китобхонае, ки дар ҷумҳурӣ дорем, нуқтаҳои фурӯши китобро низ ба роҳ монем. Вазири фарҳанг аз камтамошобин будани театрҳо изҳори нигаронӣ карда, ин нуктаро низ зикр намуд, ки нисбат ба солҳои пеш сафи тамошобини намоишҳои театрӣ 8 фоиз афзудааст. Ба саволи он, ки одамонро маҷбурӣ ба тамошои намоишҳо мебаранд, гуфт:

- Як рукни муҳими рӯзгор бояд ба театр рафтан бошад. Мо ҳар қадар ба театр бештар равем, ҳамон қадар маънавиётамон бой мешавад. Аз ин ки мактабиёну донишҷӯён ва коргарони корхонаҳоро бо қарордоди пешакӣ ба театр меоранд, нороҳат набояд шавем. Дар мавриди он ки аз рӯи кадом меъёрҳо Нишони аълочии фарҳанг ё матбуотро медиҳанд, Ш.Орумбекзода равшанӣ андохт, ки на камтар аз даҳ сол собиқаи корӣ ва меҳнати шоиста пешниҳодшударо соҳиби ин нишон мегардонад.

Уруни Назар, «Садои мардум»