Аз нишастҳои матбуотӣ

Шаҳри Турсунзода. Сохтмони 40 иншоот то ҷашни 30-солагии Истиқлолият

№98 (3892) 14.08.2018

Раиси Турсунзода 1Чанде пеш дар шаҳри Турсунзода бо иштироки доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Раиси шаҳр Вализода Абдуқодир Исуф аз дастоварду камбудиҳои шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ ҳисобот дода, зикр намуд, ки қисми даромади буҷети маҳаллӣ 100,6 фоиз, ки маблағи умумии он 54,4 миллион сомониро ташкил медиҳад ва хароҷот 87,4 фоиз иҷро гардид.

Аз рӯи нишондодҳои оморӣ истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳр тадриҷан боло рафт. Ҳаҷми тавлиди маҳсулот бо пули миллӣ 252 миллиону 234 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,2 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминийи тоҷик», ки ғанигардонандаи асосии буҷети маҳаллии шаҳри Турсунзода маҳсуб мешавад, истеҳсолотро нисбат ба соли 2017 афзоиш дод. Дар корхона тӯли шаш моҳи соли 2018 ба маблағи 196 миллиону 197 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид, ки дар қиёс ба соли 2017-ум 7 миллиону 917 ҳазор сомонӣ зиёд аст.

Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва соҳибкорон якчанд иншоот — бинои истиқоматии баландошёна, маркази савдои дуошёна, варзишгоҳ ва майдончаи бозиҳои кӯдакона, нуқтаи таъмири мошинҳо, нуқтаи фурӯши ангишт, мағозаи хӯрокворӣ мавриди истифода қарор гирифт. Ғайр аз ин, танҳо дар маркази шаҳр сохтмони 40 иншоот бомаром идома дорад, ки то ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ ба анҷом мерасанд.

Кишоварзон аз рӯи ҳама намуди фаъолият ба маблағи 174 миллиону 255 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ зиёд аст.

Ёқуби Содиқ, «Садои мардум»