Аз нишастҳои матбуотӣ

Шумораи муроҷиаткунандагон афзудааст

№87 (4037) 20.07.2019

DSC_016218 июли соли ҷорӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор карданд.  Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Умед Бобозода иброз дошт, дар шаш моҳи аввали соли равон 1875 нафар шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба онҳо муроҷиат карданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 184 адад зиёд мебошад. 

Номбурда афзуд, ки муроҷиатҳо асосан ба масъалаҳои ҳуқуқ — муҳокимаи одилонаи судӣ, аз ҷумла норозигӣ нисбат ба санадҳои судӣ, кашолкорӣ дар баррасии парвандаҳо, шикоят аз қарор ё амали (беамалии) шахси мансабдор, норозигӣ нисбат ба тафтишот, эҳтимолияти истифодаи шиканҷа, ҳуқуқ ба манзил ва таъминоти иҷтимоӣ вобастагӣ доранд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, тавқифгоҳҳои тафтишотӣ ва нигоҳдош­ти муваққатӣ, қисмҳои ҳарбӣ, хонаҳои маъюбон ва пиронсолон, мактаб-интернатҳо ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 33 санҷишу мониторинг сурат гирифт.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабмо Ҳабибуллозода иттилоъ дод, ки дар нимсолаи нимсолаи аввали соли равон 73 муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба қайд гирифта шуд ва дар ҳамкорӣ бо дигар мақомот, сох­торҳои дахлдор  8 муроҷиат ба таври мусбат ҳал гардид.

- Муроҷиатҳо асосан ба масъалаҳои таҳти ғамхории волидайн тарбия ёфтани кӯдакон, гирифтани шаҳодатномаи таваллуд ва бартараф намудани монеаҳо дар муоширати кӯдакон бо волидайн дахл доштанд.

Р. УМАР, «Садои мардум»