Аз нишастҳои матбуотӣ

Шумораи занони роҳбар ба 25% расонда мешавад

№ 13.02.2025

КУМИТАИ ЗАНОН — копияАз  шумораи умумии 18 ҳазору 801 нафар хизматчиёни давлатии амалкунанда 4 ҳазору 849 нафарро занон ташкил дода, дар вазифаҳои роҳбарикунанда аз шумораи умумии 5 ҳазору 955 нафар як ҳазору 146 нафар занон мебошанд.

Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода иттилоъ дод.

Соли 2024 барои занон-хизматчиёни давлатӣ аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оила омӯзонидани на кам аз 2 забони хориҷӣ, маҳорати суханварӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва коргузорӣ дар идораи давлатӣ, барои кормандони дастгоҳи марказии Кумита ва занону духтарони вазорату идораҳо даври омӯзишии ройгон, барои занону духтарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ даври омӯзишии «Малакаи роҳбарӣ», «Мактаби сарварӣ», барои намояндагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумию ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва олии ҷумҳурӣ маҳфили доимамалкунандаи «Зан — роҳбар» ва барои донишҷӯдухтарони фаъолу аълохон ва лаёқатманди донишгоҳу донишкадаҳои олии мамлакат даври омӯзишии «Мактаби сарварони ҷавон» амалӣ гардидааст.

- Чорабиниҳои баргузорнамуда бо як мақсад: амалӣ намудани ҳадафҳои «Стратегияи миллии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030”, аз ҳисоби занон ва духтарони болаёқат ба 30 фоиз расонидани шумораи хизматчиёни давлатӣ ва ба 25 фоиз расонидани кадрҳои роҳбарикунанда доир шуданд,  - гуфт Бунафша Файзиддинзода.

Г. РАҲМОНОВА,

«Садои мардум»