Аз нишастҳои матбуотӣ

Сироҷиддин Икромӣ: «Қабули қонун «Дар бораи ипотека»-ро интизорем»

№91 (4041) 27.07.2019

DSC_0127- Хурсандиовар аст, ки барои боз ҳам содатар намудани раванди татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ипотека» ва маъмул гардидани қарзи ипотекӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ипотека» таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод шуд.

Дар сурати қабулу ҷонибдорӣ гардидан он ба мукаммал намудани заминаи ҳуқуқии гарави молу мулки ғайриманқул, аз ҷумла, ҳуқуқи заминистифодабарӣ, мусоидат барои баргардонидани қарзҳои батаъхирафтода ва бартараф намудани монеаҳои сунъии ба гаравгир гузаштани молу мулки ба гарав гузошташуда дар сурати баргузор нашудани савдои оммавӣ, мусоидат хоҳад кард. Яке аз сабабҳои ба таъхир афтодани пешниҳоди қарзҳои ипотекӣ, ки тибқи стратегияи бонк бояд соли ҷорӣ шурӯъ шавад, интизорӣ барои қабули ин қонун аст.

Чунин буд посухи раиси Раёсати БДАТ «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ ба саволи хабарнигори рӯзномаи «Садои мардум», ки 23 июли соли равон зимни нишасти матбуотӣ пешниҳод гардид.

Инчунин, зикр гардид, ки 3000 корманди «Амонатбонк» дар 75 филиал ва 546 маркази хизматрасонии бонкӣ ба 20 ҳазор корхонаю ташкилот, 720 ҳазор нафақагир ва 1,7 миллион нафар пасандозгузор хизмат мерасонанд.

Аз он изҳори қаноатмандӣ гардид, ки сармояи бонк 10,2 фоиз афзоиш ёфта, ба 417,2 млн. сомонӣ баробар шудааст. Ҳамрадиф бо ин, даромади софи бонк 20,4 млн. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13,5 фоиз зиёд мебошад.

«Амонатбонк» дар самти дарёфти манбаъ барои пешниҳоди қарз низ собитқадам аст. Таваҷҷуҳи хоса ба ҷалби беш аз пеши пасандозҳои аҳолӣ зоҳир шуда истодааст. Дар натиҷа, бақияи пасандозҳои шахсони ҳуқуқию воқеӣ 3,3 млрд. сомониро ташкил дод, ки дар қиёс ба соли сипаришуда қариб 10 фоиз зиёд аст. Бақияи пасандози аҳолӣ ба 1,3 млрд.сомонӣ расида, 40 фоизи ҳаҷми умумии амонатҳоро ташкил медиҳад. Нуктаи қобили таваҷҷуҳ он аст, ки фоизи ба аҳолӣ барои пасандоз­ҳояшон пардохтшуда 49,9 млн. сомониро ташкил дод, ки назар ба соли гузашта 17 фоиз зиёд мебошад.

Далер Мерганов, «Садои мардум»