Аз нишастҳои матбуотӣ

Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар

№20 (3970) 19.02.2019

КУлоб- Соли 2018 корхонаҳои саноатии шаҳри Кӯлоб дар ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ ба маблағи 218 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пеш 28,2 миллион сомонӣ зиёд аст, — изҳор дошт 8 феврали соли равон зимни нишасти матбуотӣ раиси шаҳри Кӯлоб Хайрулло Амонулло.

- Давоми сол 23 корхона фаъолияти густурда доштанд. Аз ҷумла, ҶСК «Сомон – Кӯлобтаҷҳизот», ҶДММ «Комбинати хонасозӣ», ҶДММ «Комбинати шир», ҶДММ «Ориён — Рустам» (Комбинати гӯшт) ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд. Моҳи октябри соли гузашта Коргоҳи истеҳсоли макарон дар шаҳри Кӯлоб ба кор шурӯъ ва ба миқдори 8 тонна маҳсулот истеҳсол кард, — гуфт ӯ.

Зикр гардид, ки ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 439,7 млн. сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба соли 2017-ум 22,6 миллион сомонӣ зиёд аст. Кишоварзон 59,7 ҳазор тонна сабзавот, 4,7 ҳазор тонна картошка, 7,5 ҳазор тонна мева, 1,1 ҳазор тонна ангур, 6,1 ҳазор тонна полезиҳо ҷамъоварӣ намуданд. Содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар 825 тоннаро ташкил дод.

- Тибқи нақша, — афзуд Хайрулло Амонулло, — ҷиҳати дар сатҳи олӣ пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2021 дар шаҳру деҳоти Кӯлоб 766 иншооти таъиноти иҷтимоӣ, марказҳои хизматрасонӣ бунёд хоҳад шуд.

Исломи РАҶАБАЛӢ, рӯзноманигор