Аз нишастҳои матбуотӣ

Содироти маҳсулоти кишоварзӣ афзуд

№87-88 (4507-4508) 19.07.2022

???????????????????????????????Дар ин бора 12 июли соли равон зимни нишасти матбуотӣ муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаббор Носирзода иттилоъ дода, аз ҷумла гуфт:

- Дар нимсолаи якуми соли 2022 аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷӣ 113,6 ҳазор тонна маҳсулоти кишварзӣ ба маблағи 26,2 млн. доллари ИМА содирот шудааст. Содироти имсола нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,6 ҳазор тонна ё 6,9 фоиз ва аз лиҳози арзиши гумрукӣ 14,1 млн. доллар ё 2,1 баробар афзудааст.

Зикр гардид, ки соли ҷорӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳама шакли хоҷагидории кишвар ба 13 миллиарду 43 млн. 600 ҳазор сомонӣ баробар шуда, назар ба соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 7,2 фоиз зиёд мебошад. Аз ин шумора, ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳама шакли хоҷагидории ВМКБ 171 млн. сомонӣ, вилояти Суғд — 3 миллиарду 365 млн. 200 ҳазор, вилояти Хатлон — 7 миллиарду 753 млн. 700 ҳазор ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ 1 миллиарду 753 млн. 900 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин, қайд гардид, ки дар давраи мавриди назар истеҳсоли ғалладона 688, 1 ҳазор тоннаро ташкил дода, нисбат ба соли гузашта 5,9 фоиз зиёд шудааст. Аз ин, 502,4 ҳазор тоннаро хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ истеҳсол намудаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки истеҳсоли картошка 262,5 ҳазор тонна (2,4%), сабзавот 1031,2 ҳазор тонна (3,5%), полезӣ 283,7 ҳазор тонна (7,6%) ва мева 116,3 ҳазор тонна (12,1%) афзуд.

Ҳ. ТОҲИРӢ,

«Садои мардум»