Соли 2016 аз тарафи Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ба собиқадорони соҳа, оилаҳои камбизоат, ташкилоту муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ, ятимон ва дигар эҳтиёҷмандон ба маблағи 163 013 сомонӣ кумаки хайрия расонида шуд. Ин рақам соли 2015 ба 484 400 сомонӣ баробар буд. Раиси Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» Ҳусайн Идиев 19-уми январи соли равон дар нишасти матбуотӣ изҳор намуд, ки соли гузашта даромади умумӣ 90,0 миллион сомониро ташкил дод, ки ин нисбат ба соли 2015-ум 7 миллион сомонӣ кам мебошад.
- Дар маҳаллаҳои гуногуни шаҳри Душанбе ҳар рӯз ба воситаи 10 адад нақлиёти сайёр фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва ғизоӣ ба роҳ монда шудааст. Бо мақсади аз талафёбӣ эмин нигоҳ доштан ва таъмини аҳолӣ дар давраи тирамоҳу зимистон бо маҳсулоти ғизоӣ ба наздикӣ дар пойтахти мамлакат як сардхона бо нигоҳдории 1500 тонна меваю сабзавот ба истифода дода мешавад, — гуфт Ҳусайн Идиев.
Ҳаҷми содироти меваю сабзавоту хушкмева дар муқоиса бо соли 2015 зиёд шудааст. Агар соли 2015 ба хориҷи кишвар 959 тонна маҳсулоти гуногун содир шуда бошад, соли 2016 ин рақам ба 1700,2 тонна расид.
Соли сипаригашта дар ноҳияи Ашт «Чойхонаи миллӣ» ба маблағи 2,1 миллион сомонӣ, дар ноҳияи Восеъ Маркази савдо ба маблағи 1,2 миллион сомонӣ, дар ноҳияи Зафаробод бинои баргузории маъракаҳои тӯёна ба маблағи 483,6 ҳазор сомонӣ ва 18 дӯкони тиҷоратӣ дар бозори ноҳияи Шаҳристон сохта, ба истифода дода шуданд.
- Аз ин ҳисоб барои 398 нафар ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфт. Шумораи ихтисоршудагон се маротиба зиёдтар аст. Ихтисоршудагон бештар меваю сабзавотфурӯшони бозор буданд, ки дар ҳуҷҷатҳо чун корманди ҷамъияти матлубот маҳсуб меёфтанд. Алҳол онҳо ҳамчун иҷоракор фаъолияти худро идома медиҳанд, — гуфт Ҳусайн Идиев.
С. НАҶМИДДИНЗОДА, «Садои мардум»