Аз нишастҳои матбуотӣ

Соли 2021 дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба маблағи беш аз 1 млрд. сомонӣ хизмат расонида шуд

№25 (4445) 24.02.2022

DSC_2405Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Самӣ Шариф 16 феврали соли 2022 зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки соли 2021 нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмии умумӣ 100,7 фоиз иҷро гардида, ба буҷет ба ҷойи 846 млн. сомонӣ, 852 млн. сомонӣ ворид шуд, ки аз нақша 6 млн. сомонӣ зиёд ва нисбат ба соли 2020-ум 116,9 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Қайд гардид, ки соли 2021 музди миёнаи меҳнат дар ноҳия 2730 сомонию 46 дирамро ташкил додааст, ки дар қиёс ба соли 2020-ум 347 сомонию 18 дирам зиёд мебошад.

Аз ҳисоби ҳама сарчашма, тибқи маълумот, соли 2021 дар ҳудуди ноҳия 11307 ҷойи нави кор таъсис дода шудааст, ки ин нишондод назар ба соли 2020 ба андозаи 791 ҷой зиёд мебошад.

- Соли сипаригардида ба маблағи 525,2 млн. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба соли қаблӣ 29,5 млн. сомонӣ зиёд буда, 101,8 фоизро ташкил медиҳад, — изҳор дошт номбурда ва афзуд, ки мутаассифона, аз 76 корхонаи саноатии бақайдгирифташуда дар ноҳия 18 адад ҳаҷми истеҳсолотро коҳиш дода, 15 корхона умуман фаъолият накардааст.

Иттилоъ дода шуд, ки дар соли 2021 ба аҳолӣ ба маблағи 1 миллиарду 673,5 млн. сомонӣ хизматҳои гуногуни пулакӣ расонида шуд, ки нисбат ба соли 2020-ум 320,5 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Мафтунаи ҲИСОРӢ,

«Садои мардум»