Аз нишастҳои матбуотӣ

Соли 2021 теъдоди довталабон 8867 нафар кам буд

№25 (4445) 24.02.2022

DSC_2166Дар нишасти матбуотии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 16 феврали соли 2022 доир гардид,  директори он Хуршед Икромӣ дар бораи натиҷаҳои фаъолияти марказ  дар соли 2021 иттилоъ дод. Номбурда  қайд кард, ки  шумораи умумии довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11) ва миёнаи касбии дар ду марҳилаи бақайдгирӣ барои иштирок дар ИДМ – 2021 номнависшуда  91531 нафарро ташкил дод, ки ин шумора  нисбат ба соли 2020 8867 нафар кам аст. Яке аз сабабҳои коҳиши теъдоди довталабон дар соли гузашта, кушода шудани роҳҳо пас аз пандемияи COVID — 19 мебошад, ки дар ин замина хоҳишмандон барои таҳсил ба хориҷи кишвар  рафтанд.

Бо мақсади шаффоф, дастрас ва озод баргузор кардани бақайдгирии довталабон дар соли гузашта дар 59 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар 34 шаҳру ноҳия 40 нуқтаи доимии бақайдгирӣ ва дар 25 шаҳру ноҳия нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ ташкил шуд. Барои ташкил, баргузорӣ ва идораи имтиҳонҳо  дар даври асосӣ, ба ғайр аз кормандони асосии марказ 1926 корманди муваққатии дар асоси озмун интихобгардида, ҷалб шуданд. Барои назорат ва ёрӣ расондан дар омода кардани марказҳои имтиҳонӣ  121 нафар ҳамчун намояндаи ваколатдори марказ ба марказҳои имтиҳонӣ сафарбар шуданд.

- Тавре ки маълум аст, то се рӯзи кории баъд аз бақайдгирӣ, кабинети инфиродии довталаб фаъол мегардад. Кабинети инфиродӣ сарчашмаи маълумот оид ба натиҷаҳои иштироки довталаб дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ аст. Омор нишон медиҳад, ки зарурати на ҳама довталабон аз кабинети инфиродии худ истифода мекунанд.  Аз ҷумла, дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавии соли 2021  аз 91531 довталаб ҳамагӣ 55146 нафар аз кабинети инфиродии худ истифода карданд.

Лозим ба зикр аст, ки яке аз нав­гониҳои соли 2021 имкони пардохти маблағи хизматрасонӣ барои иштирок дар ИДМ тавассути марказҳои хизматрасонии Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Амонатбонк» бо истифода аз воситаҳои электронӣ буд. Солҳои пеш ин амал бо истифода аз шакли муқаррарӣ сурат мегирифт, — изҳор дошт Хуршед Икромӣ.

Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,

«Садои мардум»