Агар соли 2021 ба Тоҷикистон 47 электромобил ворид шуда бошад, соли 2022 ин рақам ба 767 адад расид. Дар ин хусус муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Турсунзода 15-уми феврали соли равон зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Зикр гардид, ки соли сипаришуда нақшаи воридоти пардохтҳои гумрукӣ 6 миллиарду 464 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида буд. Дар ин муддат 7 миллиарду 371 миллион сомонӣ ситонида шуд, ки 114,3 фоизи нақшаро ташкил дода, аз нақшаи пешбинишуда 907 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
- Сабаби асосии барзиёд иҷро гардидани нақшаи пардохтҳои гумрукӣ, амалӣ кардани як қатор чорабиниҳои иловагии такмили низоми маъмурикунонии гумрукӣ, аз қабили дуруст муайян намудани арзиши гумрукии моли воридотӣ, таъмини сифатнокии барасмиятдадории гумрукӣ, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо субъектони фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, пурзӯр кардани фаъолият дар самти пешгирии воридоти ғайриқонунии мол, назорати баъд аз барасмиятдарории гумрукӣ ва дуруст ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо мақомоти назоратии давлатӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба шумор меравад, — гуфт Азим Турсунзода.
Таъкид гардид, ки истифодаи воситаҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, технологияи таҳлилу коркарди маълумот дар шакли электронӣ, ғайринақдӣ пардохт намудани боҷҳои гумрукию андозҳо, таъсиси низоми Равзанаи ягона ва мукаммалгардонии идораи таваккал дар низоми иттилоотии автоматонидашудаи ягонаи хадамот низ ба иҷрои босифат ва барзиёди нақшаи пардохтҳои гумрукӣ мусоидат кард.
Соли 2022 дар муқоиса ба соли 2021 воридоти мол аз Федератсияи Россия ба маблағи 965,1 миллион доллар, Қазоқистон — 305,2, Хитой — 162, ИМА- 106,8, Ӯзбекистон — 66,4, Эрон — 41,8, Япония — 202,2 ва Беларус 44,1 миллион доллар афзуд. Содирот ба 2 миллиарду 330 миллион доллар баробар шуда, дар қиёс ба соли 2021-ум 543,1 миллион доллар (ё 30,4 фоиз) зиёд шуд.
С. НАҶМИДДИНЗОДА,
«Садои мардум»