Аз нишастҳои матбуотӣ

Суғд. Нишондиҳандаҳо назаррасанд

№100 (4362) 03.08.2021

8fa5b4fd-6350-4cd4-bbe5-a93b2f0e970dРаиси вилояти Суғд Раҷаб­бой Аҳмадзода зимни нишасти матбуотӣ, ки 26 июли соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, гуфт, дар нимсолаи аввали соли равон истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят ба 8 миллиарду 976 млн. сомонӣ расид.

 - Аксар нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта назаррас буда, рушди устувори иқтисодию иҷтимоии вилоят таъмин аст, — таъкид кард ӯ.

Дар бобати болоравии нархи газ барои нақлиёт, ки айни ҳол ба вилоят аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ворид мегардад, Раҷаббой Аҳмадзода гуфт, ки «айни ҳол гази табиӣ ба корхонаҳои истеҳсолӣ дода мешавад. Интиқоли газ ба «газозаправка»-ҳо мавриди баррасӣ аст».

Зикр шуд, ки дар давраи паҳншавии пандемияи COVID-19 соли гузашта табибон ҳавасманд гардида, маҳсулоти озуқа низ кумак гирифта буданд. Имсол қарор аст, ки аз ҳисоби буҷети вилоят якмаошӣ ба кормандоне, ки дар беморхонаҳо паи табобати гирифторони COVID-19 ҳастанд, дода шавад.

- Айни ҳол 348 гирифтори бемории сироятӣ дар беморхонаҳо ба табобат фаро гирифта шуда, 485 нафар дар хона муолиҷа мегиранд, — гуфт Р. Аҳмадзода.

Мирзоаъзам МАҚСУДОВ,

«Садои мардум»