Аз нишастҳои матбуотӣ

Сумангул Тағойзода: «Дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ 9050 ҳолати қонунвайронкунӣ ошкор шуд»

№18 (3812) 10.02.2018

Вазорати Мехнат (2)Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода 6 феврали соли равон зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки доир ба пешгирию бартарафсозии қонунвайронкуниҳо ва ҷуброни зарар аз ҷониби Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ соли 2017 фаъолияти 2559 субъекти хоҷагидори Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди санҷиш қарор гирифт. Дар натиҷа, 9050 ҳолати қонунвайронкунӣ ошкор  гардид. Аз ин 6687 ҳолат ба масъалаҳои меҳнат, 1797 — бехатарии меҳнат ва риояи стандартҳо, 208 — муҳоҷират ва 358 ҳолат ба масъалаҳои шуғли аҳолӣ дахл доранд.                

Номбурда, инчунин изҳор дошт, ки ба 577 корфармо ва дигар шахсони масъули корхонаю ташкилот барои вайрон намудани қонунгузории соҳаи меҳнат ҷаримаи маъмурӣ таъин гардида, бо дахолати кормандон 125 миллиону 588 ҳазор сомонӣ ба Буҷети давлатӣ ва шаҳрвандон пардохт карда шуд.

Соли 2017 аз ҷумҳурӣ 487757 нафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанд, ки назар ба соли 2016-ум 29551 нафар ё 6 фоиз кам мебошанд. Инчунин, 412 660 нафар аз муҳоҷирати меҳнатӣ ба Ватан баргаштанд, ки нисбат ба соли 2016-ум 24 314 нафар ё 6 фоиз кам аст.

-Тоҷикистон бо чор давлат — Россия, Қазоқистон, Беларус ва Қирғизистон шартномаи тарафайни муҳоҷират ба имзо расонида, 90 фоизи онҳое, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, Россияро макони кор интихоб кардаанд. Соли гузашта ба зиёда аз 102 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон, ки вурудашон ба Россия манъ шуд, иҷозати дубора ворид шудан ба ин давлат дода шуд, — афзуд Сумангул Тағойзода.

Таъкид гардид, ки тавассути татбиқи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ, дар маҷмӯъ, 49 ҳазору 207 нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд. Ин нишондиҳанда 131,1 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад.

Масъулин, ҳамчунин қайд карданд, ки соли 2017 ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 119422 нафар муроҷиат намуд, ки 78385 нафари он ҳамчун корҷӯй ба қайд гирифта шуда, ба 49239 нафар расман мақоми бекор дода шуд.

Ҷамшеди САБОҲИДДИН, 

«Садои мардум»