Аз нишастҳои матбуотӣ

Таъхири парвозҳо кам шудааст

№93 (3887) 02.08.2018

DSC_0173- Соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон дар ҳоли рушд қарор дорад. Ташкилоту корхонаҳои соҳа – ҷамъиятҳои саҳомии кушодаи фурудгоҳҳои байналмилалии шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Бохтар, ҶСК «Тоҷик ЭЙР», ҶДММ «Сомон ЭЙР», КВД «Тоҷикаэронавигатсия» дар нимсолаи аввали  соли ҷорӣ натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд, — гуфт директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Субҳонзода зимни нишасти матбуотӣ.

 Зикр шуд, ки дар ин давра фурудгоҳҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, дар маҷмӯъ, ба 928,2 ҳазор мусофир хизмат расониданд, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои ҳамин давраи як соли пеш зиёд аст. Ҳаҷми қабул, гусели бор ва ­почта аз фуруд­гоҳҳои кишвар 1854 тоннаро ташкил намуд. «Тоҷик ЭЙР» ва «Сомон ЭЙР» 385,3 ҳазор мусофирро интиқол доданд. Дар ин давра парвоз аз ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ ба 33 самти 10 кишвари хориҷи дуру наздик (Чин, Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Эрон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Ҳиндустон ва Олмон) иҷро гардид.

Оғози сохтмони Манораи муназзимӣ, ба истифода додани 11 долони ҳавоии транзитӣ, мавриди истифода қарор гирифтани терминали боркашонии Фурудгоҳи байналмилалии Душанберо метавон аз ҷумлаи рӯйдодҳои муҳим арзёбӣ намуд.

- Айни замон байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷумҳуриҳои Финландия, Фаронса, Шри-Ланка, Ветнам, Малайзия, Гурҷистон, Молдова, Амороти Муттаҳидаи Араб, Салтанати Уммон, Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ созишнома оид ба алоқаи ҳавоӣ дар сатҳи баррасӣ қарор дорад, — гуфт Икром Субҳонзода.

Вобаста ба суоли хабарнигорон оид ба таъхири парвозҳо қайд шуд, ки чунин ҳодисаҳо нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 кам шуда, 417 ҳолатро ташкил додааст.

Оид ба парки тайёраҳо ва чархболҳои ширкатҳои ҳавопаймоии кишвар иттилоъ дода шуд, ки 51 ададро ташкил медиҳанд. Ҳоло 13 ҳавопаймои муосир дар истифода аст. Барои дастрас намудани ҳавопаймоҳои муосир дар асоси лизинг корҳо идома доранд.

 Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»