Аз нишастҳои матбуотӣ

Таҳияи 27 лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ дар шаш моҳ

№87-88 (4507-4508) 19.07.2022

Иктисод ва савдо (4)- Таҳлили натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар нимсолаи якуми соли 2022 нишон медиҳад, ки новобаста аз таъсири омилҳои беруна, дар натиҷаи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар кишвар бардавом шуд, — иброз дошт дар оғози нишас­ти матбуотӣ (14 июли соли 2022) вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин.

Қайд гардид, ки дар ин давра рушди ММД асосан аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 17,3 фоиз, кишоварзӣ — 7,2, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ -2,5, боркашонӣ — 18,7, хизматрасонии пулакӣ -12,8, мусофиркашонӣ -11,1, гардиши савдои дохилӣ — 8,6 ва гардиши савдои хориҷӣ 14,6 фоиз таъмин гардид. Сатҳи таваррум дар нимсолаи якуми соли 2022-юм 4,1 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 (3,9 фоиз) 0,2 банди фоизӣ зиёд буда, аз ҳисоби 7 фоиз болоравии нархҳои маҳсулоти озуқаворӣ ва 2,3 фоиз молҳои ғайриозуқа ташаккул ёфтааст.

Тибқи маълумоти вазорат, дар нимсолаи якуми соли 2022 гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон се миллиону панҷсаду сенздаҳ ҳазору дусад долларро ташкил дод, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 14,6 фоиз ё 430,8 млн. доллар фузун аст.  Содироти мол нисбат ба соли гузашта 24,2 фоиз зиёд гардидааст.

Иттилоъ гирифтем, ки дар нимсолаи якуми соли 2022 вазорат 27 лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқиро таҳия ва барои баррасӣ пешниҳод намудааст, ки аз онҳо 6 лоиҳа қабул гардида, 7 лоиҳа дар баррасии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 14 лоиҳа дар баррасии вазорату идораҳои дахлдор қарор доранд.

Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»