Аз нишастҳои матбуотӣ

Таълими омӯзгорон аз навоҳии дурдаст

№№6(3643) 21.01.2017

Салихов ННДонишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон 20 сол қабл барои роҳандозии таълиму тарбия аз рӯи низоми муосир ва дар заминаи технологияҳои нав таъсис гардидааст, – гуфт ректори донишгоҳ Нуралӣ Салихов зимни нишасти матбуотӣ.

Ҳоло дар 30 кафедраи донишгоҳ 279 нафар устод фаъолият мекунанд, ки 153 нафари онҳо номзади илм ва 58 нафар доктори илм мебошанд. Дар донишгоҳ, вобаста ба гузариш ба низоми кредитии таълим, технологияҳои нав мавриди истифода аст. Донишгоҳ бо донишгоҳҳои хориҷӣ 96 шартномаи ҳамкорӣ дошта, яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон қабули шаҳрвандони хориҷӣ мебошад. Ҳоло дар донишгоҳ 189 нафар донишҷӯ аз 13 кишвари ҷаҳон ба тадрис машғул аст.

Шӯрои диссертатсионӣ аз рӯи ихтисоси забоншиносии муқоисавӣ – таърихӣ ва журналистика амал карда, корҳои илмӣ- тадқиқотии донишҷӯён низ мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Дар назди донишгоҳ Институти такмили ихтисос ва бозомӯзӣ ва як муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ амал мекунад. Дар моҳҳои январ-феврали соли 2016 дар доираи Барномаи рушди донишгоҳ курсҳои 500-соатаи бозомӯзии муаллимони забони русӣ гузаронида шуд, ки муаллимон бештар аз ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ ҷалб гардиданд.

А. Мирзозода, «Садои мардум»