Аз нишастҳои матбуотӣ

Таъсиси маркази фарматсевтӣ дар Донишгоҳи тиббӣ

№16 (4436) 05.02.2022

DSC_9535- Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино соли гузашта ҷараёни таълим, баҳодиҳӣ ва натиҷагирии сифати таълим тибқи талаботи стандартҳои байналмилалӣ, бо истифодаи васеи технологияи муосири иттилоотӣ — коммуникатсионӣ, низоми кредитии таълим ва шабакаи интернетии дохилидонишгоҳӣ ба роҳ монда шуда, ҳар як донишҷӯ кабинети инфиродӣ дорад ва ба он ворид гардида, маводи таълимӣ, маълумоти зарурӣ ва натиҷаи рейтингу имтиҳонҳояшро аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ тариқи электронӣ дастрас мекунад, — иброз дошт якуми феврали соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ.

Ректор дар идома гуфт, ки волидайни донишҷӯён низ метавонанд ба кабинети инфиродии фарзандонашон ворид шуда, ҳар рӯз аз ҷараёни таҳсили онҳо хабардор шаванд.

Дар донишгоҳ аз соли 2019 инҷониб журналҳои дарсии донишҷӯён тариқи электронӣ ба роҳ монда шудааст. Бо ин мақсад аз ҷониби раёсати донишгоҳ ҳамаи омӯзгорон бо планшетҳо таъмин мебошанд. Қабули санҷишу имтиҳонҳо ва баҳодиҳӣ ба дониши донишҷӯён мутамарказонида буда, дар маркази ягонаи тестии донишгоҳ тариқи барномаҳои компютерӣ амалӣ мешавад. Баҳогузории донишҷӯ мустақиман, бе дахолати ғайр, сурат гирифта, барои беҳтаргардонии сифати таҳсил ва ҷалбу таваҷҷуҳи донишҷӯён ба китобхонию илмомӯзӣ нақши калидӣ мебозад. Аз ин ҷост, ки сифати таълим ҳамвора боло меравад.

Соли гузашта Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро аз рӯи панҷ ихтисос: «Кори табобатӣ», «Педиатрия», «Ташкили ҳифзи саломатии ҷомеа», «Стоматология» ва «Фарматсия» 1572 нафар, аз ҷумла 40 нафар бо дипломи аъло, 114 нафар тибқи Квотаи президентӣ ва 276 нафар донишҷӯи хориҷӣ аз шаш кишвари ҷаҳон, хатм намуданд.

Инчунин, Маркази фарматсевтӣ таъсис ёфт. Бо ин ҳадаф бинои кимиё ва кафедраҳои тобеи факултети фарматсевтӣ навсозӣ ва аз таъмири асосӣ бароварда шуд. Кафед­раҳои факултети мазкур бо таҷҳизоту лавозимоти таълимии замонавӣ ҷиҳозонида шуд. Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии «Фарматсия» бо таҷҳизоти муосир таъмин гардида, панҷ хати истеҳсоли доруворӣ аз масолеҳи доругии ватанӣ ва гиёҳҳои шифобахши ватанӣ ба кор андохта шуд.

Абдумаҷид МУРОДОВ,

 «Садои мардум»