Дар нишасти матбуотии ҶСК «Барқи Тоҷик», ки дар якҷоягӣ бо ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» ва ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» доир шуд, муовини директори ҶСК «Барқи Тоҷик» Абдулло Қурбонзода изҳор дошт, ки дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ истеҳсоли неруи барқ 7 миллиарду 949 миллион кВт/соатро (922 миллион кВт/соат аз ҳисоби марказҳои барқу гармидиҳӣ) ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-юм 80,4 миллион кВт/соат зиёд аст.
Иброз гардид, ки талафоти неруи барқ дар ин давра 35,3 миллион кВт/соатро (0,44 фоиз) ташкил медиҳад, ки он дар доираи меъёр мебошад. Истеҳсоли гармӣ ба 782,9 ҳазор Гкал баробар шуда, дар қиёс ҳамин давраи соли гузашта 232,3 ҳазор Гкал зиёд аст. Маблағи гармии интиқолшуда 19,2 миллион сомонӣ буда, ҷамъоварии он ба маблағи 17,8 миллион сомонӣ (92,8 фоиз) таъмин шуд.
Хабарнигори рӯзнома дар бобати қарзи мардум барои истифодаи барқ, сари вақт бартараф накардани садамаҳо, надоштани қисмҳои эҳтиётӣ ва бе огоҳӣ хомӯш кардани барқ савол пешниҳод кард. Вале роҳбарияти ҳар се ниҳод — муовини директори ҶСК «Барқи Тоҷик» Абдулло Қурбонзода, менеҷери ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» Бахтиёр Раҳматзода ва муовини директори ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» Раҷабалӣ Ҳалимов аз ҷавоб ба онҳо канораҷӯӣ карданд.
Муҳаммад ЗОКИР,
«Садои мардум»