Аз нишастҳои матбуотӣ

Теъдоди довталабони ихтисоси китобдорӣ меафзояд

№87-88 (4507-4508) 19.07.2022

Rector-Nizomi-Muhriddin-Zaynidin-232Дар нишасти матбуотии МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» оид ба натиҷаи фаъолият дар шаш моҳи аввали соли 2022, ки 15 июли соли 2022 доир гардид, ректори он Муҳриддин Низомӣ маълумот дод, ки айни ҳол донишкада бо 42 донишгоҳу донишкадаҳои мамолики хориҷи дуру наздик шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонидааст.

Ба саволи хабарнигори рӯзнома оид ба шароити таҳсил ва таҷрибаомӯзии донишҷӯёни ихтисоси китобдорӣ ректори донишкада М. Низомӣ чунин посух дод.

- Пас аз иқдоми Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар бобати ташкили китобхонаҳо дар назди муассисаву корхонаҳои мамлакат, на танҳо шумораи китобхонаҳо ба маротиб афзуд, балки аксар китобхонаҳои аз фаъолият бозмонда, хусусан дар ноҳияҳои мамлакат, аз нав ташкилу таъмир гардиданд, ки бешубҳа, боиси зиёд гардидани талабот ба мутахассисони соҳа гардидааст. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки теъдоди довталабон ба ихтисоси китобдорӣ нисбат ба дигар соҳаҳо афзудааст. Ба донишҷӯёни ихтисоси китобдорӣ устодони соҳа дарс мегӯянд ва дар назди китобхонаҳои асосии мамлакат, аз ҷумла Китобхонаи миллии Тоҷикистон, барои таҷрибаомӯзии онҳо утоқҳои алоҳида ҷудо шудааст.

Китобхонаи донишкада низ бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз буда, фонди он ҳар сол аз ҷониби вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илми ҷумҳурӣ бо китоб­ҳои дарсӣ ғанӣ гардонида мешавад.

- Бар замми он, дар донишкада китобхонаи нави адабиёти бадеӣ таъсис дода шуд, — изҳор намуд М.Низомӣ.

Н.НИЗОМӢ,

  «Садои мардум»