Муовини якуми сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Атоев дуюми августи соли равон дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки ҳаҷми пешакии хизматрасонии алоқа ба аҳолӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 879,4 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 221,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин давра шумораи муштариёни алоқаи мобилӣ дар ҷумҳурӣ 7 миллиону 353 ҳазору 192 нафарро ташкил намуд, ки 4 миллиону 371 ҳазору 817 нафараш фаъоланд.
- Ба ҳисоби миёна ба ҳар сад нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ 54,6 адад дастгоҳи телефони мобилии фаъол рост меояд. Аз ҳар сад нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ 29,6 нафараш истифодабарандаи интернет мебошанд, — гуфт Илҳомҷон Атоев.
Дар муқоиса бо соли 2016 шумораи умумии муштариёни ҶСК «Тоҷиктелеком» дар мамлакат 4538 нафар зиёд гардидааст.
Ҳаҷми муросилоти почта дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ 355 тоннаю 815 килограммро дар бар мегирад. Ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 15 тоннаю 312 килограмм зиёд аст.
Илҳомҷон Атоев ба саволи марбут ба истифода аз таҷҳизоти офтобию шамолӣ посух дод, ки аллакай дар минтақаҳои дурдаст аз ин таҷҳизот истифода мешавад ва он самаранокии худро нишон дод.
С. СУННАТӢ, «Садои мардум»