Дар ин бора вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Зулфия Давлатзода 12 июли соли равон зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
- Аз ҷумла, ҳайатҳои эҷодии Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ бо намоиши «Фирдавсӣ» ва Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи М. Назарови шаҳри Хоруғ бо намоиши «Лаъли Бадахшон» дар 40-умин Фестивали байналмилалии театрии «Фаҷр»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон иштирок намуданд, — таъкид намуд ӯ.
Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, ҳамчунин, дар Фестивали байналмилалии театрӣ дар Ҷумҳурии Туркия ширкат варзид.
Ҳайати ҳунармандони Театри давлатии драмавии русии ба номи Владимир Маяковский бо намоишномаҳои «Ханума»-и А. Тсагарели ва «Ночь в театре» («Шаб дар театр») — и А. П. Чехов дар Ҷашнвораи байналмилалии театрии «Фестивал русских театров»(«Фестивали театрҳои рус») иштирок намуда, ҳамчунин, аз 17 то 23 июни соли ҷорӣ дар шаҳрҳои Саранск ва Тамбови Федератсияи Россия сафари ҳунарӣ анҷом доданд.
Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе аз 31 май то 6 июни соли ҷорӣ дар Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Перекрёсток» («Чорсӯ»), дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия иштирок намуд. Ҳунарпешагони театр дар фестивал намоишномаи Маҳинбону Гасанова «Одуванчик» («Гули қоқу») — ро дар таҳияи саркоргардони театр Мунира Зоирова пешкаши тамошобинон намуданд. Қобили қайд аст, ки ҳунармандони театр тӯли як моҳ меҳмони вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ буданд.
Инчунин, ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ — мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд дар Фестивали байналмилалии «Смоленский ковчег» («Сафинаи Смоленск») иштирок карданд.
- Падидаи фараҳбахши фарҳангӣ дар ин давра аз таъмири асосӣ баровардани Театри мусиқӣ — мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд мебошад, — таъкид намуд вазири фарҳанги ҷумҳурӣ З. Давлатзода.
Н. НИЗОМӢ,
«Садои мардум»