22 июли соли 2022 раиси Иттифоқи «Тоҷикматлубот» Ҳусейн Идиев зимни нишасти матбуотӣ зикр кард, ки баъд аз соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сохтори Иттифоқи «Тоҷикматлубот» тағйирот ворид шуда, ҳоло дар мамлакат 80 дарсади бозорҳо шахсианд.
- Мо ташкилоти худмаблағгузор ҳастем, вазифаи мо, захира, нигоҳдории маҳсулот, муътадил нигоҳ доштани нарх, беҳтарнамоии шароити кор дар бозорҳои ҷамъият мебошад.
Номбурда қайд намуд, ки ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нақшаи чорабиниҳо оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳ ва зимистони солҳои 2022 — 2023» Қарори раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» қабул гардид. Тибқи нақша, анбор, сардхона ва дигар иншооти зарурӣ то оғози мавсими зимистон бо захираи маҳсулоти кишоварзӣ таъмир гардида, корҳои безараргардонӣ анҷом дода мешавад. Ҳоло шумораи умумии кормандон дар соҳаи кооператсияи матлуботи мамлакат 1 ҳазору 814 нафарро ташкил медиҳад. Ҷамъияти мазкур дорои 63 бозор мебошад, ки дар он 18 ҳазору 120 нафар ба савдо машғуланд.
Даромади умумии Иттифоқи «Тоҷикматлубот» дар давраи мавриди назар ба 47 миллиону 300 ҳазор сомонӣ расида, ба буҷети мамлакат 15 миллиону 400 ҳазор сомонӣ андоз пардохт карда шуд. Барои корҳои сохтмонӣ, таъмири бинову иншоот ва хариди воситаҳои асосӣ 4 миллиону 800 ҳазор сомонӣ харҷ шуд. Аз ҷумла, барои таъмир ва кабудизоркунии гирду атрофи бинои «Тоҷикматлубот» 2 миллиону 500 ҳазор сомонӣ, навсозии бозорҳои ҷамъиятҳои матлуботи ноҳияҳои Файзобод, Муъминобод, Ҳисор ва Носири Хусрав 811,8 ҳазор сомонӣ сарф гардид. Барои захираи маҳсулоти кишоварзӣ 47 анбор ва се сардхона ва дигар иншооти зарурӣ фаъолият менамояд.
Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат ба оилаҳои камбизоат, маъюбон, ятимону шахсони имконияташон маҳдуд ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 134 ҳазору 850 сомонӣ кумак расонида шуд.
Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,
«Садои мардум»