Аз нишастҳои матбуотӣ

«Тоҷикстандарт» назорати ҷамъиятӣ ҷорӣ намуд

№15 (3809) 03.02.2018

Точикстандарт (1)- Соли 2017 дар натиҷаи гузаронидани назорати давлатӣ аз тарафи нозирон якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 3058,7 тонна маҳсулоти гуногуни хӯроквории ба талабот ҷавобгӯнабуда ошкор шуда, аз ин миқдор 1089,5 тонна аз ҷиҳати бехатарӣ ва 1969,2 тонна аз рӯйи тамғагузорӣ ғайристандартӣ дониста шуданд. Дар натиҷаи амалӣ намудани назорати давлатӣ дар бозори истеъмолӣ, аз тарафи  Нозироти савдо маҳсулоти ғайрихӯрока, аз қабили 1316 қуттӣ тамоку, 45,5 тонна масолеҳи сохтмонӣ, 10899 дона фурӯзонаки тафсон, 2938 дона фурӯзонаки каммасраф, 3400 метр ноқил ва ғайра ошкор гардид, ки ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-техникӣ ҷавобгӯ набуданд, — иттилоъ дод директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қудрат Давлатзода 31 январи соли равон дар нишасти матбуотӣ.

Ӯ ҳамчунин афзуд, ки бо мақсади ҳифзи бозори истеъмолии мамлакат аз воридоти маҳсулоти пастсифату хатарнок, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, таъмини риояи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ дар натиҷаи санҷиш ва назорати давлатӣ дар 5240 ҳолат ба маблағи 1356680 сомонӣ ҷарима таъин карда шуд. Бо дарназардошти эълон шудани мораторий дар самти ҳимояи бозори истеъмолӣ, дар баробари ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ, аз тариқи воситаҳои ахбори омма дар бозорҳои истеъмолӣ, назорати ҷамъиятӣ ҷорӣ гардид. Бо ин мақсад суроғаи расмии Агентӣ дар шабакаҳои иҷтимоии Фейсбук, инстаграм ва рақами вайберии 98 850 22 22 фаъол гардид, ки истеъмолкунандагон дар ҳолати ошкор кардани молу маҳсулоти пастсифат ва муҳлати истеъмолашон гузашта метавонанд муроҷиат намоянд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум