Аз нишастҳои матбуотӣ

«Тоҷиксуғурта» фаъолиятро бо фоида ҷамъбаст кард

№22 (4605) 08.02.2023

Точиксугурта (2)Зимни нишасти матбуотӣ, ки сеюми феврали соли равон баргузор шуд, директори Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» Шуҳрат Мақсудзода изҳор дошт, ки бо мақсади пурра ба суғурта фаро гирифтани ҳаёт, саломатӣ, масъулият ва молу амволи шахсони ҳуқуқию воқеӣ дар миқиёси ҷумҳурӣ 63 филиал ва 6 намояндагии корхона хизматрасониро аз рӯи 22 навъи суғурта, аз ҷумла 13 навъ суғуртаи ҳатмӣ ва 9 навъ суғуртаи ихтиёрӣ ба роҳ мондаанд.

Бино ба гуфти ӯ, корхона соли 2022 бо шахсони ҳуқуқию воқеӣ, дар маҷмӯъ, 565 ҳазору 922 шартномаи суғуртавӣ ба имзо расонидааст. Аз ҳисоби шартномаҳои басташуда ба корхона 40 миллиону 838 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардида, иҷрои нақшаи солона 125,3 фоиз таъмин карда шуд. Зикр гардид, ки КВД «Тоҷиксуғурта» соли 2022 ба шахсони ҳуқуқию воқеии ба молу амвол ва ҳаёту саломатиашон зараррасида 5 миллиону 878 ҳазор сомонӣ маблағи суғуртавӣ пардохт кардаст, ки нисбат ба соли 2021-ум 350 ҳазор сомонӣ ё 5,6 фоиз кам мебошад.

- Дар ин давра корхона ба буҷет 6 миллиону 766 ҳазору 400 сомонӣ пардохт намуд, ки нисбат ба соли 2021-ум 317 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Аз маблағҳои умумии пардохтшуда 2 миллиону 931 ҳазор сомониро андозҳо, 3 миллиону 497 ҳазору 400 сомониро пардохтҳои ҳатмии ба буҷет ирсолшаванда ташкил доданд. Бо андешидани чораҳои судманд дар самти кам кардани хароҷоти дуюмдараҷа ва бемаврид, натиҷаи фаъолияти молиявии корхона соли 2022 ба маблағи 3 миллиону 338 ҳазор сомонӣ бо фоида ҷамъбаст карда шуд, — зикр кард Шуҳрат Мақсудзода.

Фархунда АБДУЛҲАКИМОВА,

«Садои мардум»