Аз нишастҳои матбуотӣ

Тозагии забонро нигоҳ доштан рисолати аҳли ҷомеа аст

№93 (4199) 04.08.2020

DSC_0971Ба меъёрҳои забони тоҷикӣ мутобиқ гардонидани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», пеш аз ҳама, рисолати Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, — изҳор дошт раиси он Олимҷон Муҳаммадҷонов, дар нишасти матбуотие, ки 29 июли соли 2020 доир гардид.

Ӯ таъкид кард, ки дар нимсолаи аввали соли 2020 аз ҷониби мақомоти судӣ барои риоя нагардидани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо моддаи 89 — Кодекси қонунвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон 26 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ шуда, 21 ҳазору 313 сомонӣ ҷарима таъин гардид. Инчунин, 67 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди экспертизаи забоншиносӣ ва танзими истилоҳот қарор гирифта, ба мақомоти дахлдор хулоса пешниҳод шуд.

Комиссияи номгузории Кумита дар ин муддат ба 470 муроҷиати шаҳрвандон оид ба номгузории фарзанд хулоса пешниҳод намуда, 223 номи ғайримеъёрии пешниҳодшударо рад намуд. Дар ҳамкорӣ бо гурӯҳи корӣ аз 2117 номи маҳалҳои аҳолинишин, аз ҷумла, 151 адад дар ВМКБ, 328 — вилояти Суғд, 939 адад дар вилояти Хатлон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аз ҷумла, кормандони кумита лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иваз намудани номи қуллаи Корженевский ба қуллаи «Озодӣ» ва «Қуллаи Озодӣ» ба «Сангталак» — ро таҳия намуданд, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон тасдиқ шуд.

Олимҷон Муҳаммадҷонов ба саволҳои хабарнигорон оид ба насабсозӣ ва номҳои тозаэҷод, забони китобҳои таълимӣ, ғалат дар шиору овезаҳои корхонаҳои хусусӣ посух дода, қайд кард, ки шаффофияту покии забонро нигоҳ доштан рисолати аҳли ҷомеа аст. 

Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,

«Садои мардум»