Аз нишастҳои матбуотӣ

Турсунзода. Ҳашт корхонаи истеҳсолӣ бунёд хоҳад шуд

№92 (4198) 31.07.2020

Rais-1-300x212Дар нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, ки 23 июл доир гардид, маълумот доданд, ки ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии COVID-19 барои харидорӣ намудани доруворӣ, либоси махсуси тиббӣ, маҳлулҳои антисептикӣ ва дастгирии моддии кормандони соҳаи тиб аз ҳисоби буҷети шаҳр ва соҳибкорону саховатмандон як миллиону 200 ҳазор сомонӣ кумак расонида шудааст.

- То якуми июли соли равон 460 нафар бо нишонаҳои илтиҳоби шуш ба табобат фаро гирифта шуданд, ки 367 нафари онҳо шифо ёфтанд. Мутаассифона, се нафар бар асари беморӣ фавтид, — гуфт раиси шаҳр Акрамзода Парвиз Акрам.

Зикр гардид, ки дар шаҳри Турсунзода ба хотири саноатикунонии босуръати мамлакат тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Чунончӣ, соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 419,1 миллион сомониро ташкил дод, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 7,9 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Аз ҷумла, ҶСК «Ширкати Алюминийи Тоҷик» дар ҳаҷми 227,5 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардааст, ки нисбат ба як соли пеш 8,9 миллион сомонӣ бештар аст.

Бино ба гуфти раиси шаҳр, барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 367 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки то ба ҳол 179 адади он мавриди истифода қарор гирифтааст. Дар доираи иншооти ҷашнӣ имсол бунёди ҳашт коргоҳи истеҳсолии саноатӣ дар назар аст.

Ёқуби СОДИҚ,

«Садои мардум»