Неруи барқе, ки бояд тавассути лоиҳаи минтақавии интиқоли барқи CASA-1000 ба Ҷумҳурии Исломии Покистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон содирот мешуд, пурра ба Ҷумҳурии Исломии Покистон интиқол дода мешавад. Ҳиссаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки 300 мВт мебошад, тавассути хатҳои мавҷуда иловатан содир мегардад. Дар ин бора вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода 25 июли соли равон зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Номбурда, инчунин зикр кард, ки хатҳои интиқоли барқ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ дар ҳолати корӣ қарор дошта, дар сурати бастани шартномаи дуҷониба имкони содироти барқ ба ин кишвар низ фароҳам мешавад.
Дар шаш моҳи соли ҷорӣ истеҳсоли неруи барқ аз ҳама манбаъ 9 миллиарду 141,9 миллион кВт/соатро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 480,4 миллион кВт/соат зиёд аст. Ҳаҷми содироти неруи барқ дар ин давра 652,1 миллион кВт/соатро ташкил дод, ки нисбат ба як соли пеш 13,2 миллион кВт/соат зиёд мебошад. Маблағи неруи барқи содиротшуда 218 миллиону 146 ҳазор сомониро ташкил додааст. Ҷамъоварии маблағи неруи барқ 855,2 миллион сомонӣ ё 81,2 дарсади маблағи ҳисобшударо ташкил медиҳад ва нисбат ба ҳамиин давраи соли гузашта 178,9 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Талафоти неруи барқ 17 дарсадро ташкил додааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 113,6 банди фоизӣ зиёд аст.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум»