Дар нишасти матбуотие, ки 3 феврали соли 2021 дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ баргузор гардид, ректори он Қудрат Давлатзода аз суханони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ «…айни ҳол ва дар ояндаи наздик мутахассисони баландихтисоси техникӣ ва технологӣ барои ҷумҳурӣ зарурат доранд. Аз ин лиҳоз, сифати таълимро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баланд бардошта, аз миқдор ба сифат гузаштан лозим аст…» ёдовар шуд.
Зикр гардид, ки соли 2020 қабули 2994 довталабон аз рӯйи 83 ихтисос тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шуда, 94,8 фоиз иҷро гардид. Айни ҳол шумораи донишҷӯён 11920 нафарро ташкил дода, ба онҳо 608 омӯзгор дарс мегӯянд.
Устодони донишгоҳ бо таваҷҷуҳ ба дастгириву ғамхориҳои ҳамешагии Пешвои миллат дар омода кардани мутахассисони баландихтисоси техникӣ ва расидан ба ҳадафҳои стратегӣ саҳми назаррас доранд. Заҳмату талошҳояшонро ба назар гирифта, Ҳукумати мамлакат ва Вазорати маориф ва илм як қатор устодони донишгоҳро бо мукофот ва ҷоизаҳои давлатӣ сарфароз гардонид. Аз ҷумла, се нафар бо медали «Хизмати шоиста» қадрдонӣ шуда, се омӯзгори ҷавон ба гирифтани «Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ» мушарраф гардиданд.
Дар охир хабарнигорон аз парки технологии донишгоҳ боздид карданд.
Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,
«Садои мардум»