Аз нишастҳои матбуотӣ

Устодони ДДТТ ба 25437 бемор кумак расониданд

№93 (4355) 15.07.2021

DSC_5266Раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон рушди илм ва талабот ба раванди таҳсилотро ба назар гирифта, ба мукаммал намудани барномаҳои таълимӣ, ҷорӣ намудани технологияи нави омӯзиш, рушди корҳои илмиву инноватсионӣ аҳамияти бештар дода, самтҳои афзалиятнокро дар фаъолият муайян намуд, — гуфт зимни нишасти матбуотӣ узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, ректори донишгоҳ, доктори илми тиб, профессор Маҳмадшоҳ Гулзода.

Айни замон МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино» аз рӯи 5 ихтисос — кори табобатӣ, педиатрия, ташкили ҳифзи саломатии ҷомеа, стоматология ва фарматсия мутахассис омода мекунад.

Илова бар ин, донишгоҳ дар ҳифзи саломатии аҳолӣ саҳми арзанда дошта, омӯзгорони кафедраҳои клиникии он дар пойгоҳҳои муассисаҳои тиббии шаҳри Душанбе беморонро ташхису табобат мекунанд.

Тибқи иттилои ректори донишгоҳ, дар нимсолаи якуми соли 2021 аз тарафи ҳайати профессорону омӯзгорон ба 25437 бемор кумаки табобатию машваратӣ ва ташхисӣ расонида шуд.

Шумораи донишҷӯёни хориҷӣ низ тамоюли афзоишро касб намуда, 1605 нафарро аз 13 давлати дунё (Канада, ИМА, Латвия, Ҳиндустон, Покис­тон, Афғонистон, Арманистон, Туркманис­тон, Федератсияи Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон ва Ӯзбекистон) ташкил медиҳад.

Мафтунаи ҲИСОРӢ,

«Садои мардум»