Аз нишастҳои матбуотӣ

Ваҳдат. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 2,5 баробар афзуд

№№7(3644) 24.01.2017

DSC_0118Дар соли ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат як бинои муассисаи таълимӣ барои 240 ҷойи нишаст, нуҳ бинои панҷошёна, як бинои ҳафтошёнаи истиқоматӣ, бинои маъмурии нозироти андози шаҳр, корхонаҳои истеҳсолии фаб­рикаи ғанигардонии маъдан ва корхонаи металҳои рангаи ҶДММ «Покрӯд» (дар минтақаи Ромит) ба истифода дода шудаанд, ки дар ифтитоҳи бархе аз онҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок доштанд.

Айни замон корҳои сохтмонӣ дар як бинои чорошёна, се бинои сенздаҳошёна, як бинои бистушашошёнаи истиқоматӣ, бинои маъмурии ШВКД, варзишгоҳ барои 25 ҳазор ҷойи нишаст, бинои муассисаи таълимӣ барои 640 ҷойи нишаст бомаром ҷараён дорад ва дар назар аст, ки то ҷашни 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ мавриди истифода қарор гиранд. Ҳамчунин, барои истироҳату фароғати сокинони шаҳр бунёди Боғи фарҳангию фароғатӣ дар масоҳати 3,5 гектар ба нақша гирифта шудааст, ки сохтмони қисмати аввали он имсол анҷом меёбад.

Дар соли сипаришуда, ҳамчунин аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ва ҷалби соҳибкорон зиёда аз 10 километр роҳи Ваҳдат- Ромит пурра азнавсозию мумфарш ва қисмати роҳҳои марказии шаҳр ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот аз таъмири ҷорӣ бароварда шуданд.

Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2016-ум 183 миллиону 812 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли пешин 2,5 баробар зиёд мебошад. Дар ин давра корхонаҳои нав ба истеҳсоли қубурҳои полиэтиленӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ шурӯъ карданд, ки ба зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани зиёда аз 1000 нафар мусоидат намуд.

Дар ин бора узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Ваҳдат Амирзода Раҳмоналӣ Амир 16 январи соли 2017 зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Муҳаммад Зокир, «Садои мардум»