Аз нишастҳои матбуотӣ

Ваҳдат. Бекоршавии ақди никоҳ зиёд шуд

№93 (4199) 04.08.2020

DSC06667Раиси шаҳри Ваҳдат Амирзода Раҳмоналӣ Амир зимни нишасти матбуотӣ (23 июли соли 2020) гуфт, ки дар нимсолаи аввали соли равон қисми даромади буҷети иҷтимоӣ 102 фоиз ва хароҷот 84 фоиз иҷро шуд. Аз нуҳ намуди андоз се намуд, — андоз аз арзиши иловашуда ба маблағи 7 миллиону 887 ҳазор сомонӣ, андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ 1 миллиону 991 ҳазор сомонӣ ва боҷи давлатӣ ба маблағи 7,4 ҳазор сомонӣ иҷро нагардид. Бақияпулиҳои қарзи андоз 12 миллиону 332 ҳазор сомониро ташкил дод.

- Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар маҷмӯъ 402 миллиону 427 сомониро ташкил дод, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2019-ум 111 миллиону 952 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 240 миллиону 512 ҳазор сомонӣ баробар, яъне нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 35 миллиону 065 ҳазор сомонӣ зиёд шуд, — афзуд Амирзода Раҳмоналӣ Амир.

Дар минтақаи истироҳатию сайёҳии Ромит истироҳатгоҳҳои оммавӣ, меҳмонхонаҳои замонавӣ, ошхонаҳои миллӣ, мағозаҳои фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ва маҷмааҳои варзишӣ ба истифода дода шуданд. Дар шаш моҳ аз минтақаҳои истироҳатию сайёҳии Ромит 6923 сайёҳ дидан кардааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 24,4 фоиз кам мебошад.

Амирзода Раҳмоналӣ Амир, ҳамчунин, иброз дошт, ки дар натиҷаи санҷиш дар ҷамоати шаҳраку деҳот 68 ҳолати қонунвайронкунии вобаста ба замин ба қайд гирифта, 64 протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ба маблағи 14 ҳазор сомонӣ ҷарима рӯёнида шуд. Панҷ парванда ба суд ва ду мавод барои додани баҳои ҳуқуқӣ ба прокуратураи шаҳр ирсол гардид. Вобаста ба баргузории ҷашну маросим чор ҳолати қонунвайронкунӣ муайян ва маводи зарурӣ ба Суди шаҳри Ваҳдат ирсол дода, 50 ҳолати қонуншиканӣ пешгирӣ шуд. Барои дағалона вайрон кардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» нисбат ба 280 падару модар ба маблағи 9784 сомонӣ ҷарима татбиқ гардид. Раиси шаҳр аз он изҳори нигаронӣ кард, ки дар шаш моҳ аз ҷониби бахши сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ никоҳи 258 оила бекор карда шудааст. Яъне, нисбат ба соли гузашта 29 адад афзудааст. 

Муҳаммад ЗОКИР,

«Садои мардум»