- Дар шаш моҳи соли 2017 ҳаҷми даромади буҷети ноҳияи Файзобод ба ҷойи 19 миллиону 125 ҳазор сомонии дар нақша пешбинишуда 18 миллиону 983 ҳазор сомониро ташкил дод, ки аз нақша 142 ҳазор сомонӣ кам мебошад. Қисми хароҷоти он ба андозаи 18 миллиону 911 ҳазор сомонӣ иҷро гардид, ки ба 98 фоизи нақша баробар аст. Нақшаи андози иҷтимоӣ бо дарназардошти хароҷот, ба андозаи 90 фоиз иҷро шуд, ки аз нақшаи пешбинишуда 642,9 ҳазор сомонӣ кам мебошад. Як сабаби иҷро нагардидани нақшаи андозҳо ва афзудани бақияпулиҳо аз фаъолият бозмондани ҶДММ «Мурғи ҳилол» мебошад. Қарзи корхонаи номбурда аз андозҳо дар айни ҳол дар БФА «Амонатбонк» 300 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, — гуфт раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ зимни нишасти матбуотӣ (17 июли соли равон).
Раис ва дигар масъулон, чун ҷамъомадҳои пешин, танҳо аз дастовардҳо дар соҳаҳои саноат, сохтмон, маориф, тандурустӣ, таъмири роҳҳо ва кишоварзӣ ҳарф зада, аз вазъи санитарию эпидемиологии маркази ноҳия, бозори марказӣ, канали обгузари маркази ноҳия, ки ниҳоят ташвишовар аст, ёдовар нашуданд. Ҳол он ки канали маркази ноҳия ба як партовгоҳи калон табдил ёфтааст ва вой бар ҳоли аҳолии деҳаҳои поён, ки аз оби он истифода мебаранд. Фарз кардем, ки роҳбарият ва кормандони Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и ноҳия аз «серкорӣ» бо ин гуна «майда — чуйда»-ҳо диққат намедиҳанд. Аммо кормандони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия чаро дар ин бора ҳатто маълумот надоранд? Ҳар субҳ кормандони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои он аз маркази ноҳия гузашта, ба ҷойи кор мераванд, вале онҳо низ партовҳои ғуншуда ва сагҳои дайдуро дар сари роҳи пиёдагардон мушоҳида намекунанд.
Рӯзҳое, ки мо дар ин ноҳия будем, роҳи марказии мошингарди ноҳияро нақлиёти зиёди калонҳаҷми боркаши пур аз маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла тарбузу харбуза, банд карда, одамон ба харидуфурӯш машғул буданд. Вале ин пинаки кормандони Бозрасии давлатии автомобилиро вайрон намекунад.
Дар Файзобод соли 1960 партовгоҳи радиоактивӣ сохта шуда буд. Чоҳҳои заҳролуди он аз маркази ноҳия 5-6 километр дур буда, ба деҳаҳои Шахтакиён 1,5 километр, Тақназарӣ — 2 ва шаҳраки Лолагӣ 2,5 километр наздикӣ дорад. Ҳол он ки ин партовгоҳ аз ҷойи истиқомати аҳолӣ бояд дар масофаи 25-30 километр дур бошад.
Муҳаммад ЗОКИР,
«Садои мардум»